9 oct 2017

Меҳнат моро муттаҳид мекунад!

-Меҳнат риштаи дӯстии моро боз ҳам мустаҳкамтар мекунад! мегӯянд аъзои гурӯҳи тамосии ҷавонони Сомониён (Тоҷикистон) ва Кок-Тош (Қирғизистон).   
Имрӯз дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркуҳи шаҳри Исфара чорабинии муштараки шанбегӣ бо иштироки ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси аъзои гурӯҳи тамосии ҷавонони деҳаи Сомониён ташкил гардид. Ташаббуси онҳоро ҳамсолонашон аз деҳаи Кок-Тош бо хушнудӣ дастгирӣ намуданд.
Дар ҷараёни шанбегӣ ҷавонони ҳамсоядеҳаҳо синфхона ва замини наздиҳавлигии мактаби №64, деҳаи Сомониёнро аз чангу ғубор ва партовҳо тоза намуданд.
Интихоби макони шанбегӣ аз ҷониби ҷавонон бемақсад нест, зеро оғоз аз моҳи сентябри соли равон, маҳз дар синфхонаи мазкур, курсҳои муштараки омӯзиши забони русӣ барои ҳарду деҳа доир мешаванд.
Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон баргузор шуд.  

Other news

25 jul 2017

ВНИМАНИЕ!!! ОБЪЯВЛЯЕТСЯ КОНКУРС НА ПОДГОТОВКУ СЕРИИ РАДИОПЕРЕДАЧ

С июля 2017 года АНТИ стала одним из партнеров в выполнении проекта ПРООН "Поддержка реформы системы регистрации актов гражданского состояния в Таджикистане» и подписало соглашение с Фондом народонаселения Организации Объединенных Наций (UNFPA) на оказание технической помощи.

Regions of Activity