9 окт 2017

Меҳнат моро муттаҳид мекунад!

-Меҳнат риштаи дӯстии моро боз ҳам мустаҳкамтар мекунад! мегӯянд аъзои гурӯҳи тамосии ҷавонони Сомониён (Тоҷикистон) ва Кок-Тош (Қирғизистон).   
Имрӯз дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркуҳи шаҳри Исфара чорабинии муштараки шанбегӣ бо иштироки ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси аъзои гурӯҳи тамосии ҷавонони деҳаи Сомониён ташкил гардид. Ташаббуси онҳоро ҳамсолонашон аз деҳаи Кок-Тош бо хушнудӣ дастгирӣ намуданд.
Дар ҷараёни шанбегӣ ҷавонони ҳамсоядеҳаҳо синфхона ва замини наздиҳавлигии мактаби №64, деҳаи Сомониёнро аз чангу ғубор ва партовҳо тоза намуданд.
Интихоби макони шанбегӣ аз ҷониби ҷавонон бемақсад нест, зеро оғоз аз моҳи сентябри соли равон, маҳз дар синфхонаи мазкур, курсҳои муштараки омӯзиши забони русӣ барои ҳарду деҳа доир мешаванд.
Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон баргузор шуд.  

Ҳабарҳои дигар

15 окт 2012

В Кайраккуме обсуждают вопросы интеграции стран Центральной Азии в мировую торговлю

Двухдневная конференция, посвященная вопросам интеграции Центральноазиатских стран в мировую торговлю, стартовала сегодня на севере Таджикистана, на побережье Кайраккумского водохранилища, в санатории «Бахористон».

27 апр 2017

Варзиш барои ҳама

Пас аз ифтитоҳи толор иштирокчиён ба миз даъват карда шуданд ва меҳмонону мизбонон ҳангоми чойнӯшӣ ҳамдигарро пазироӣ намуданд. Аммо чорабинӣ дар ин ҷо анҷом наёфт, дар клуби маҳаллӣ ҳамагонро аҷуба дар намуди барномаи фарҳангӣ, ки аъзоёни ГТҶ омода намуда буданд, интизор буд.

Минтақаҳои фаъолият