Боигонаи нақшаҳо
Дар чаҳорчўбаи барномаи таҳия намудаи Комиссияи Европа (Еврокомиссия) «Зиёд кардани даромади шахсӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғди Тоҷикистон» лоиҳаи нав, «Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба воситаи омўзиш ва таҳсилоти касбӣ» таҳия гаштааст.
Лоиҳа дар вилоятҳои Хатлон ва Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад ва мўҳлати иҷроиши он 24 моҳро ташкил медиҳад.
Лоиҳа аз ҷониби ташкилотҳои Институти Ҳамкории Байналмиллалии Ассотсиатсияи Халқии Олмон (dvv intеrnational) ва Ассотсиатсияи Зиёиёни Илмӣ-Техникии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Мақсади асосии лоиҳа, паст кардани камбизоатӣ бо роҳи омўзонидан, ҷалби ҷамъият дар корҳои ҷамъиятӣ ва ба даст овардани даромад байни аҳолии вилояти Суғд ва Хатлон мебошад.
Гурӯҳи Мусоидатгар ба амалигардонӣ ва мониторинги Стратегияи Паст кардани камбизиотӣ 19 ташкилоти ҷамъиятиро дар бар мегирад, ки дар татбиқи барномаҳои рушд дар мамлакатҳои мухталиф таҷрибаи бисёрсола доранд.
Лоиҳаи "Дастгирии Корхонаҳои Хурд ва Миёнаи оид ба коркарди маҳсулоти меваю сабзавот дар Тоҷикистон"
Лоиҳаро Иттиҳоди Аврупо тавассути ташкилоти байналхалқии HILFSWERK AUSTRIA бо шарикии ТҶ «Ассотсиатсияи Зиёиёни Илмию Техникӣ» сармоягузорӣ мекунад.
Мақсади лоиҳа – Мусоидатгар ба тақвияти таъсири мутақобилаи субъектҳои гуногуни агробизнес дар вилоятҳои Суғду Хатлон тавассути пешниҳод кардани бизнес идеяҳои нав, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ки ба дастгирии корхонаҳои хурду миёна нигаронида шудааст ва фаъол кардани сектори коркард ва бандубасти маҳсулоти хӯрока мебошад.
Лоиҳаи «Пешбурди иштироки Ҷамъияти Шаҳрвандӣ дар Мониторинги Барномаҳои Миллии Рушд» дар доираи Барномаи «Дастгирии Ташаббусҳои Шаҳрвандӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (USAID)
Мақсади лоиҳа – баланд бардоштани дараҷаи иштироки ҷавонон дар ҳалли масъалаҳои мавҷудаи ҷамъият, дар ҷавонон баланд бардоштани ҳисси боваринокӣ ва мустақилият ба воситаи беҳтар намудани дастрасӣ ба маълумот ва ба даст овардани малакаи сарварӣ.
«Баҳодиҳӣ ва кам кардани қашоқии мавсимӣ дар хоҷагидории қоҳидаи Қирғизистон ва Тоҷикистон».
Лоиҳаи мазкур аз моҳи январи соли 2010 аз тарафи ду ташкилотҳои шарик АЗИТ ва HAI амалӣ гардида истодааст. Давомнокии лоиҳа 16 моҳ мебошад.
Мақсади лоиҳа: гузаронидани тадқиқот дар 4 ҷамоатҳои ноҳияи Ашт - Шайдон, Қамишқӯрғон, Ошоба, Қирққудуқ.
Маркази ҷавонон "Youth Power" дар Хуҷанд
Таъсиси маркази мазкур бо татбики ду лоиҳаҳо барои ҷавонон «Ташкили шабакаи сарварони ҷавон» ва «Ҳуқуқи инсон дар мактаб» имконпазир гардид. Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори ҷавонон дар ҳалли масъалаҳои ҷамъият чунин чорабиниҳо мунтазам гузаронида мешаванд:
- тренингҳо
- аксияҳо
- барномаҳо барои ҷавонон
Мақсадҳои асосии лоиха: беҳтар намудани қобилияти аҳолии маҳаллӣ оид ба тайёрӣ ба офатҳои табиӣ ва вокуниш ҳини ба миён омадани онҳо.
Ташкилоти ҷамъиятии "Ассотсиатсияи Зиёиёни Илмию Техникии Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Фонди оид ба маориф барои демократия (Лахистон) ва ТЧ «Хамроз» дар моҳи феврали соли 2015 дар вилояти Хатлони Тоҷикистон лоиҳаи бо ном " Кувваи занон дар клуби занон.
Мақсади барнома мустаҳкам намудани нақши инситтутҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ (ИҶШ), ки барои беҳтар намудани сифати зиндагӣи аҳолии Тоҷикистон ҷалб карда шудааст, мебошад.
Аз 1 феврали 2014 сол ТҶ АЗИТ ва Фонди ташаббусҳои менеҷерии Лаҳистон татбиқи лоиҳаи «Рушди ташклотҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон ва ҳокимияти маҳаллии самаранок – роҳ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ» оғоз намуданд. Лоиҳа бо дастгирии молиявии Фонди муттафиқи Лаҳистон ва маблағгузории Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон амалӣ шуда истодааст.
Мақсади лоиҳа: Мустаҳкам намудани имкониятҳои занҳо ва духтарони муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти Суғд барҳи беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ба воситаи омўзиш ва таҳсилоти касбӣ.
Мақсади асосии лоиҳа – ин пурзўр намудани имконоти занон ва духтарони муҳоҷирони меҳнатии вилояти Суғд барои беҳтар намудани сифати зиндаги тавассути фароҳам овардани шароит барои гирифтани таълими касбиву ғайрирасмӣ ва мусоидат намудан ба баландбардории иктидори мақомотҳои маҳаллӣ ва худидоракунӣ дар ҷодаи таълими калонсолон.
Лоиха аз чониби Хазинаи «Тасилот барои демократия» дар хамкории ТЧ «Ассосиатсияи Зиеинени Илми Техники Точикистон» ичро мешавад.
Лоихаи мазкур дар чахорчубаи барномаи Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд маблаггузори шудааст.