Гурўҳи Мусоидатгар

10
янв

Гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ

Аз 31 январ то 2 феврали соли 2011 дар шаҳри Хуҷанд барои ҳамкорони Гурўҳи Мусоидгар оид ба татбиқи мониторинги СПКСК тренинг гузаронида мешавад. Мавзўи тренинг: «Гузаронидани тадқиқоти илмӣ», тренер Валивач М.Н. (Қазоқистон)

11
окт

Гурӯҳи Мусоидатгар оид ба мониторинги Барномаҳои миллии рушд

7 октябр дар шаҳри Душанбе дар толори конфронси маҷмааи «Пойтахт» мулоқоти кории Гурӯҳи Мусоидатгар бо намояндагони ВИҶТ барпо гардид, ки дар он масъалаҳои иштироки амалии намояндагони ТҶШ дар Мониторинги Стратегияи Паст кардани сатҳи камбизоатӣ (СПСК), ки Ҳукумати Тоҷикистон қабул кардааст, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

15
мар

Мулоқоти шарикони Гурӯҳи Мусоидатгар

3-4 марти соли 2010 дар ш. Хуҷанд мулоқоти шарикони Гурӯҳи Мусоидатгар ба мониторингу татбиқи СПСК барпо гардид. Алҳол Гурӯҳи Мусоидатгар 19 ташкилоти ҷамъиятиро аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва НТҶ намояндагӣ мекунанд. Мулоқоти мазкур ба натиҷаҳои мониторинги ҷамъиятии гузаронидашуда оид ба татбиқи як қатор тадбирҳои СПСК дар минтақаҳо бахшида шуда буд.

31
июл

Дар бораи Гурӯҳи Мусоидатгар

Гурӯҳи Мусоидатгар ба татбиқ ва мониторинги Стратегияи Паст кардани Сатҳи камбизоатӣ намояндаи 19 ташкилоти ҷамъиятиро дар бар мегирад, ки дар амалигардонии барномаҳои рушд дар минтақаҳои гуногуни мамлакат таҷрибаи бисёрсола доранд.

Минтақаҳои фаъолият