Ҷалб кардани ТҶШ ба мониторинги СПСК
24, 25, 26 ноябри соли 2010 дар шаҳри Чкалов (вилояти Суғд) мулоқоти навбатии кории шарикони ГМ бо иштироки намояндагони ВИҶТ дар доираи лоиҳаи АСТ СА /DFID «Таъмини иштироки ҷамъияти шаҳрвандӣ дар татбиқ ва мониторинги барномаҳои миллии рушди мамлакат» барпо гардид.
2, 3, 4 декабри соли 2010 дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Душанбе мулоқотҳо бо намояндагони ташкилотҳои шарикӣ аз Душанбе, вилояти Хатлон, НТҶ ва таҳлилгарони халқии онҳо оид ба арзёбии фаъолият дар доираи лоиҳаи АСТ СА/DFID «Таъмини иштироки ҷамъияти шаҳрвандӣ дар татбиқу мониторинги барномаҳои рушди мамлакат» шуда гузаштанд.
Дар аввали сентябри соли 2010 кор оид ба ҷамъоварии базаи маълумот аз шарикони ГМ (Гурӯҳи Мусоидат) дар бораи гузаронидани мониторинги арзёбии сифати ҳаёти оилаҳои назоратӣ дар минтақаҳои мамлакат ба охир расид.
06.07. 2007, 2007. 2010, 22-23.07.2010 тренингҳо оид ба «Тадбирҳои калидии СПСК дар солҳои 2010-2012 ва усулҳои базавии арзёбии камбизоатӣ» гузаронида шуданд. Дар тренингҳо таҳлилгарони халқии 18 ташкилоти шарикӣ ишти-рок карданд, ки дар Гурӯҳи Мусоидатгар муттаҳид карда шудаанд ва оид ба паст кардани камбизоатӣ дар минтақаҳои мухталифи ҶШ кор мекунанд.
18-19 май дар Хуҷанд мулоқоти кории роҳбарон ва кормандони калидии 19 ташкилоти ҷамъиятӣ, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон кор мекунанд ва ба Гурӯҳи Мусоидат ба татбиқ ва мониторинги Барномаҳои Миллии Рушд до-хил мешаванд, баргузор гардид.
Минтақаҳои фаъолият