8 дек 2010

Мулоқоти навбатии кории шарикони ГМ

24, 25, 26 ноябри соли 2010 дар шаҳри Чкалов (вилояти Суғд) мулоқоти навбатии кории шарикони ГМ бо иштироки намояндагони ВИҶТ дар доираи лоиҳаи АСТ СА /DFID «Таъмини иштироки ҷамъияти шаҳрвандӣ дар татбиқ ва мониторинги барномаҳои миллии рушди мамлакат» барпо гардид. Дар мулоқот 24 нафар аз ҷумлаи намояндагони ташкилотҳои шарикӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ш. Душанбе ва намояндагони ВИҶТ ширкат варзиданд.

Дар рафти мулоқот иштироккунандагон масъалаҳои фаъолияти ташкилотҳои шарикиро дар доираи ҳамин лоиҳа муҳокимаю баррасӣ карданд, олоти навро барои гузаронидани мониторинги ҷамъиятии амалигардонии як қатор тадбирҳои СПСК дар солҳои 2010-2012 таҳия намуданд, стратегияи кори минбаъдаи ГМ-ро муайян карданд, ташкилотҳои калидиро баро мутобиқгардонии амалиёти Шарикон оид ба ҳар сектори интихоб гардида баргузиданд, ҳамчунин нақшаи амалиёти Гурӯхи Мусоидатро дар ояндаи наздик таҳия намуданд.

 

Ҳабарҳои дигар

22 ноя 2015

Гӯштини камарбандй

22-ноябри соли 2015 дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад» бо маблағгузории UNICEF дар Амфитеатри ҷамоати Унҷӣ Қасри Арбоби ноҳияи Б.Ғафуров чорабинии байнисарҳадӣ мусобиқаи кушоди «Гӯштини камарбанд» дар байни ҷавонон ва калонсолони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

17 дек 2021

Тренинги 2-руза дар Рудаки

Дар нохияи Рудаки тренинги 2-руза дар мавзуъи “Машварати ҳуқуқӣ барои гирифторони (ҷабрдидагон) зӯроварӣ дар оила - аз назария то тарҷиба” барои хукукшинсон, параюристон ва кормандони макомотхои дахлдор, ки бо масъалаи зуроварии шахвони-гендери сарукор доранд, ташкил ва гузаронида шуд. Тренинг дар доираи ташаббуси “Нури Рушноӣ” аз тарафи ТЧ “АЗИТ” амалӣ карда мешавад. Ташаббуси “Нури Рушноӣ” як шарикии глобалӣ ва бисёрсола байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид аст, то ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтаронро то соли 2030 аз байн барад.

Минтақаҳои фаъолият