Лоиҳаи CAS 022
«Баҳодиҳӣ ва кам кардани қашоқии мавсимӣ дар хоҷагидории қоҳидаи Қирғизистон ва Тоҷикистон».
Лоиҳаи мазкур аз моҳи январи соли 2010 аз тарафи ду ташкилотҳои шарик АЗИТ ва HAI амалӣ гардида истодааст. Давомнокии лоиҳа 16 моҳ мебошад.
Мақсади лоиҳа: гузаронидани тадқиқот дар 4 ҷамоатҳои ноҳияи Ашт - Шайдон, Қамишқӯрғон, Ошоба, Қирққудуқ.
Мақсадҳои тадқиқот:
- Баҳодиҳӣ кардани силсилаи қашоқии пастшавии сатҳи ғизо дар 4 ҷамоатҳои мақсадноки ноҳияи Ашт.
- Коркард намудани тавсияҳо барои коркарди схемаҳои бехатарии иҷтимоӣ ва тақвият додани мустаҳкамии хоҷагидории қоҳида барои қашшоқии мавсимӣ.
Мақсадҳои асосии тадқиқот:
- Муайян намудани сабабҳо ва ҷараёни фаслии қашшоқӣ
- Мониторинги элементҳои қашшоқии мавсимӣ, ба монанди сардии сахт, норасогии сӯзишворӣ, бехатарии озуқаворӣ, мухоҷирати аъзоҳои хоҷагидориҳо.
- Баҳогузорӣ кардани таъсироти қашшоқии мавсимӣ ба стратегияи устувории хоҷагидорӣ
- Баҳогузорӣ кардани хусусияти маҳаллӣ ва минтақавии қашшоқии мавсимӣ.
Методология
Тадқиқот дар давоми 12 моҳ аз тарафи аъзоёни Гурӯҳҳои Кӯҳансолон (ГК) гузаронида мешавад. ГК маълумот оиди индикатори қашшоқӣ, дар 10 хоҷагидориҳои деҳот, дар ҳар як ҷамоатҳои мақсаднок мавод ҷамъ мекунанд, ки дар умум 40 хоҷагидориҳоро ташкил медиҳад.
Дар тадқиқот воситаҳо, дар асоси иштироки умумӣ ва муносибати «Мониторинги Кӯҳансолон», бо кадоме, ки бисёри иштирокчиён шинос ҳастанд, истифода бурда мешаванд.
Муайян кардани шахсони пурсишшаванда барои тадқиқот
Ба тадқиқот мусоҳиба ва муҳокима дар гурӯҳҳо бо пешсафони ҷамоатҳо, роҳбарони гурӯҳҳо, сардорони худидоракунии маҳаллӣ ва намояндагони ҷамоатҳои маҳаллӣ.
Дар бисёри ҷамоатҳо одамони камбағалро ҷудо кардан мушки ласт, барои он ки бисёри онҳо асосан камбағал мебошад. Набудани шароит барои кор, набудани транспорт (нақлиёт), норасогии барқ ва оби тозаи нӯшокӣ ҳамаи намояндагони ҷамоатро ба ваҷҳ меорад. Аммо, факторҳои синну солӣ ва ҷинсияти сардорони оилаҳо, миқдори нафақахӯрон дар оилаҳо осебпазирии онҳоро зиёдтар мекунад.
Ба ҳайси шахсони пурсишшаванда сардорони оилаҳо, занҳо, пиронсолон (нафақахӯрон), инчунин шахсони ба кӯмаки мардум ниёзманд, масъалан маъюбон. Хонаводаҳое, ки дар он шахсони пиронсол ё кӯдакони бе шахсони коргар зиндагӣ мекарда, хонаводаи шароиташ вазнин ҳисобида мешавад. Ҳамаи пурсидашудагон мехоҳанд ва метавонад вазъи иқтисодии оилаҳои онҳо ва амали ҳалли мушкилотро баррасии намоянд.
Рӯйхати меъёрҳо барои интихоб
Ҳамаи пурсишшудагон дар ҷамоатҳо сардорони хонавода буда, ҳолати иқтисодии оилаҳои худ ва ҳалли мушкилотҳоро муҳокима мекунанд.
Талаботҳо:
- Пиронсолон – сардорони оилаҳо – мард ваз ан
- Занҳо, сардорони оилаҳо
- Сардорони оилаҳое, ки дар он оилаҳо насли миёна вуҷуд надоранд (пиронсолон ва кӯдакон).
Дар айни ҳол дар 40 оилаҳои интихобшудаи 4 ҷамоатҳои мақсаднок мониторинг гузаронида истодаанд. Аллакай 5 марҳилаи мониторинг гузашт. Ҳамаи маълумоҳо аз тарафи мутахассис коркард шуда, ба махзани маълумотӣ ворид карда мешаванд.
ом.