Эдвокаси

Шабакаи Таҳлилгарони Халқӣ

АЗИТ аз соли 2008 дар самти ҷалб кардани ташкилотҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ба татбиқ ва мониторинги СПСК ва институтсионалонии минбаъдаи низоми мониторинги ҷамъиятӣ тавассути Шабакаи таъсисдодаи таҳлилгарони халқӣ кор мекунад. Аъзои Шабака дар давраи кор дониши муайян андӯхтанд. Ин дониш ба онҳо ёрӣ мерасонад, ки дар бораи рафти татбиқи барномаи Рушд иттилооти босифат гирд оварда, таҳлил кунанд.

Мониторинги Стратегияи Паст кардани сатҳи камбизиотӣ

Лоиҳаи «Мониторинги Стратегияи Паст кардани сатҳи камбизиотӣ» бо дастгирии АКТ-и Осиёи Марказӣ татбиқ карда мешавад ва ба пешбурди иштироки ҷамъияти шаҳрвандӣ дар мониторинги барномаҳои миллӣ, институтсионализатсияи мониторинги ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани самарабахшии татбиқи барномаҳои рушд нигаронида шудааст.

Барномаи Тадқиқот ва Эдвокаси

Барномаи Тадқиқот ва Эдвокасии АЗИТ аз соли 2007 амалӣ гардонида ме-шавад. Дар ин муддат дар доираи барнома як қатор тадқиқот иҷро карда шуд, ки ба омӯзиши масоили камбизоатӣ ва самарабахшии амалигардонии барномаҳои рушд нигаронида шуда буданд. Минбаъд натиҷаҳои ин тадқиқот асоси фаъолияти лоиҳавии ташкилот гардиданд. Амалигардонии ҷузъи (ком-поненти) Эдвокасии барнома аз соли 2006 оғоз ёфт, вақте ки АЗИТ зарурати таъсирро ба макросатҳ бо мақсади тақвияи овоз ва нақши Ҷамъияти Шаҳрвандӣ дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат эҳсос кард.

Фалсафаи барнома

Алҳол дар Тоҷикистон Стратегияи Миллии Рушд (СМР) дар давраи то соли 2015 ва Стратегияи Паст кардани камбизоатӣ (СПСК) дар солҳои 2007-2009 амалӣ гардонида мешавад, ки бояд барои ба низом даровардани раванди руш-ди мамлакат ба дурнамои дарозмӯҳлат тибқи Мақсадҳои Рушди Ҳазорсола му-соидат кунад.

Минтақаҳои фаъолият