29 ноя 2022

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид. Мақсад аз ташкили чорабинии мазкур ин баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва иқтидори ҷавондухтарон буда, онҳоро аз масъалаи зӯроварӣ низ бархурдор гардонидан мебошад. Дар рафти семинар барои иштирокчиен оиди мафҳуми таҳаммулпазирӣ, намудҳои таҳаммулпазирӣ, дар кадом маврид бояд сабру тоқат намуд, маълумот пешкаш шуданд. Инчунин, дар чорабинӣ мураббияи хобгоҳи мазкур Абдукаримова Равзияхон баромад намуда, оиди тарзи ҳаёти солим, оилаи намунавӣ чӣ гуна бояд барпо намуд, худро эмин доштан аз ҳар гуна корҳои ношоиста сухан кард. Иштирокчиён дар семинар фаъолона иштирок намуда, фикру ақидаҳои хешро оиди мавзӯи интихобгардида баен намуданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ТҶ "АЗИТ" бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор мешавад.
#poastiandosce

Ҳабарҳои дигар

5 фев 2020

Ранее вмешательство – залог успеха в предотвращении инвалидности.

Садриддин Хомидзода родился с травмой головы, в результате чего очень отставал в физическом развитии. В три года он не умел ни сидеть, ни стоять. Сегодня ему 4 года, он не говорит, не ест самостоятельно.

22 янв 2022

Тренинги 2-руза дар Ҳисор

Санахои 21-22 январи соли 2022 дар Хисор бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати ЧТ ва Суди Олии ЧТ тренинги 2-руза

Минтақаҳои фаъолият