Рушди бизнес

Фонди қарзии хурд "АСТИ"

Фонди қарзии хурди АСТИ, минбаъд ФҚХ АСТИ, 14 феврали соли 2005 дар Вазорати Адлияи ҶТ бораи иҷрои фаъолияти хурди молиявӣ ба қайд гирифта шуда, аз тарафи ТҶ АЗИТ таъсис дода шудааст.

Барномаи такмилдодашудаи дастгирии ташкилотҳои бизнес-миёнарав – хизматрасониҳои махсусгардонидашуда ва маҷӯӣ барои КХМ-и ба содирот нигаронидашуда дар бахши коркарди озуқаворӣ

Аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз тарафи Hilfswerk Austria International дар ҳамкорӣ бо Институт оид ба мусоидати итисодӣ дар назди Палатаи савдои Австрия, Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёна, Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникӣ, Ташкилоти ҷамъиятии консалтингии «Маркази идоракунии сифат», Ташкилоти ҷамъиятии «Нексигол Мушовир» дар Тожикистон, инчунин Ассотсиатсияи корхонаҳои меваву сабзавоти Қирғизистон, АgroLead ва TES-марказ дар Қирғизистон амалӣ мегардад.

Муносибати интегратсионӣ барои ташаккул додани КХМ

Муносибати интегратсионӣ барои ташаккул додани КХМ дар Осиёи Миёна Намояндагии Hilfswerk Austria International дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҳамкорон лоиҳаи «Муносибати интегратсионӣ барои ташаккул додани Корхонаҳои Хурду Миёнаи (КХМ) Осиёи Миёна оид ба коркарди чормағзҳо, меваҳои хушк ва асал»-ро иҷро мекунад. Лоиҳа аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчўбаи давраи дуюми барномаи «Маблағгузории Осиёи Миёна» маблағгузорӣ карда мешавад. Барномаи «Маблағгузории Осиёи Миёна» соли 2007 дар чаҳорчўбаи Стратегияи Минтақавии Комиссияи Аврупоӣ барои Осиёи Миёна дар солҳои 2007-2013 қабул шуда буд. Мақсади барномаи «Маблағгузории Осиёи Миёна» пасткунии сатҳи камбизоатӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна ба воситаи рушди бахши хусусӣ мебошад. Барои ташаккулёбии соҳибкории хурду миёна ва мусоидати тадриҷияти интегратсиронии онҳо ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ диққати махсус дода мешавад.

Минтақаҳои фаъолият