Фонди қарзии хурд "АСТИ"

Фонди қарзии хурди АСТИ, минбаъд ФҚХ АСТИ, 14 феврали соли 2005 дар Вазорати Адлияи ҶТ бораи  иҷрои фаъолияти хурди молиявӣ ба қайд гирифта шуда, аз тарафи ТҶ АЗИТ таъсис дода шудааст. Мақсади асосии он беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии камбизоат ба воситаи пешкашнамоии хизматрасонии Молиявии Хурд ба аҳолиии ҶТ барои иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ бо воситаи пешкаш намудани қарзҳои хурд мебошад.

Мақомоти Олии Идоракунанда - Шўрои Парасторон мебошад, ки сиёсати асосии фаъолияти ФҚХ АСТИ-ро тасдиқ карда, ройгон фаъолият мебарад. Кормандони Фонд кормандони кироя буда, ҳуқуқи соҳибӣ кардани маблағи Фондро надоранд. Айни ҳол дар ФҚХ АСТИ 12 корманд фаъолият мебаранд, ки дар фаъолияти қарздиҳии хурд  таҷрибаи кории 6 сола доранд.

6 июни соли 2005 Фонд «Шаҳодатнома» - и Бонки миллиро дар бораи иҷозат ба ичрои фаъолияти хурди молиявӣ мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи ташкилотҳои хурди молиявӣ» гирифтааст.

1 январи соли 2009 сандуқи қарзии ФҚХ АСТИ 1 073 655 сомониро ташкил медод. Шумораи мизоҷони фаъоли ФҚХ АСТИ 670 нафарро ташкил дода, аз онҳо 362 нафар ё 54 % занҳо мебошанд.

ФҚХ АСТИ усулҳои қарздиҳии гурўҳӣ ва инфиродиро истифода бурда, барои зиёд намудани сармояи аҳолии шаҳру ноҳияҳо бо қарзҳои хурд таъмин мекунад. Вазифаи  ФҚХ АСТИ ба аҳолиҳои шаҳру ноҳияҳо пешкаш намудани қарзҳо мебошад. ФҚХ АСТИ қарзҳои гурўҳӣ ва инфиродӣ - ро бо шартои пай дар пай пешкаш менамояд. Маблағи зиёдтарини қарзи аввалин дар қарзҳои гурўҳӣ то 3000 сомониро ташкил медиҳад, ки он ба мўҳлати 48 ҳафта дода мешаванд. Қарзҳои инфиродӣ бошанд, бо назардошти фаъолияти мизоҷ, то 7000 сомонӣ дода мешаванд.

Кормандони фонд ба аъзоҳои гурўҳ ҳамаи маълумортҳои лозимаро оиди гирифтани қарз мефаҳмонанд.

Асоси муваффақияти ФҚХ АСТИ воситаҳои хуби идоракунии моливӣ, давомнокии муносибат бо мизоҷон, алоқаи бозгашт ва мониторинги нишондиҳандаҳои молиявии асосӣ гардиданд. ФҚХ АСТИ мувофиқи дархости мизоҷон ба намудҳои гуногуни маҳсулот тадқиқот мегузаронад.

Аз моҳи октябри 2005 сол ФҚХ АСТИ аъзои расмии АМФОТ мебошад. Кормандони  ФҚХ АСТИ барои такмил додани ихтисоси худ дар тренингҳои аз тарафи АМФОТ ташкил намуда  иштирок мекунанд. Аз моҳи декабри соли 2005 роҳбари ФҚХ АСТИ Содиқов Фарқод аъзои Шўрои Сарварони АМФО, роҳбари Кумитаи робита бо мақомотҳои давлатӣ мебошад.

Айни ҳол ФҚХ АСТИ ба 670 шаҳрвандони вилояти Суғд дар ноҳияҳои Ашт, Б.Ғафуров, Спитамен инчунин дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкаловск хизмат мерасонад.

ФҚХ АСТИ аз тарафи Ташкилотҳои Байналхалқӣ дастгирӣ карда шуда, айни ҳол бо Ҷамъияти Олмонӣ оид ба Ҳамкории Техникии GTZ аз рўи лоиҳаи «Дастгирии хизматрасонии хурди молиявӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон» ҳамкорӣ мекунад. Ҳамкорӣ бо GTZ, барои гирифтани қарз аз Фонди АМФОТ/ Бонки Аввалини Молиягузории Хурд ба маблағи 20 000 евро кўмак расонд.

Инчунин ФҚХ АСТИ бо қарзҳои гирифташуда бомуваффақиятона кор мекунад. Намунаи он чор қарзҳои барои фонди қарзӣ аз Корхонаи Қарзии хурди ҶДММ «Frontiers LLC» дар солҳои 2005, 2006, 2007 ва 2008 бо шартҳои 14%-19% солона гирифташуда мебошад. Он дар 2 сол ба маблағи умумии 290 000 $ ИМА ташкил дод, аз он 145000 $ ИМА бо фоизаш сари вақт баргардонида шуд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ муроҷиат намоед:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, кўчаи Ленин 85 а
Тел: (83422) 6-45-67
E-mail: khodjaev.mlf@asti.tj

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият