27 дек 2022

Ба кӯдакон бояд он чиро омӯзонд, ки вақти камолёбӣ ба онҳо муфид бошад

"Ба кӯдакон бояд он чиро омӯзонд, ки вақти камолёбӣ ба онҳо муфид бошад", Аристипп. Дар зери ҳамин шиор дар шаҳри Хуҷанд аз 22 то 25 ноябр омӯзиш ТоТ барои омӯзгорони Марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва менторони Озмоишгоҳҳои инноватсионии вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар рафти омӯзиш иштирокчиён дониши худро такмил дода, малакаҳои хешро мустаҳкам намуданд, то онҳо тавонанд малакаҳои умумӣ, аз ҷумла ҳалли мушкилот, тафаккури интиқодӣ, эҷодкорӣ, муоширати муассир ва малакаҳои роҳбариро инкишоф диҳанд; кушодани иқтидор тавассути ташаккули худбоварӣ, устуворӣ ва ҳисси худшиносӣ дар наврасону ҷавонон; соҳибкориро ҳамчун маҷмӯи маҳорат ва тарзи тафаккур инкишоф диҳанд.
UPSHIFT (ПЕШСАФ) ин методологияи тарҳрезии иҷтимоӣ мебошад. Он барои муайян кардан, омӯхтан ва фаҳмидани мушкилот дар ҷомеаи худ ва сипас эҷод кардани ҳалли муассири лоиҳа дар шакли маҳсулот ё хидматҳо таълим медиҳад. Таърихи UPSHIFT соли 2014 дар Косово оғоз шуда, ҳоло ин барнома дар 22 кишвари ҷаҳон амал мекунад.
Чорабинӣ аз ҷониби ТҶ «АЗИТ» дар доираи лоиҳаи «Малакаҳо барои оянда ва гузариш ба ҳаёти корӣ», бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.
#UPSHIFT #UNICEFTajikistan #EU#POAsti #innovationlab

Ҳабарҳои дигар

10 окт 2009

Шабакаи Таҳлилгарони Халқӣ

АЗИТ аз соли 2008 дар самти ҷалб кардани ташкилотҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ба татбиқ ва мониторинги СПСК ва институтсионалонии минбаъдаи низоми мониторинги ҷамъиятӣ тавассути Шабакаи таъсисдодаи таҳлилгарони халқӣ кор мекунад. Аъзои Шабака дар давраи кор дониши муайян андӯхтанд. Ин дониш ба онҳо ёрӣ мерасонад, ки дар бораи рафти татбиқи барномаи Рушд иттилооти босифат гирд оварда, таҳлил кунанд.

8 окт 2018

Встреча партнеров в рамках программы

Встреча партнеров в рамках программы "Поддержка реформы милиции Республики Таджикистан, ориентированное на взаимодействие милиции с общественностью"

Минтақаҳои фаъолият