22 ноя 2015

Гӯштини камарбандй

22-ноябри соли 2015 дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад» бо маблағгузории  UNICEF  дар Амфитеатри ҷамоати Унҷӣ Қасри Арбоби ноҳияи Б.Ғафуров чорабинии байнисарҳадӣ  мусобиқаи кушоди «Гӯштини камарбанд» дар байни ҷавонон  ва калонсолони  Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Мақсади гузаронидани ин чорабинӣ барои  мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни ҷавонони тоҷику қирғиз буд.

 Варзишгарон  вилояти Суғди  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилоятҳои Боткенту Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғизистонро муарифӣ мекарданд.

Варзишгарон  вилояти Суғди  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилоятҳои Боткенту Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғизистонро муарифӣ мекарданд.

 Чорабинии мазкур баъди гузаронидани рузи парчам дар ноҳияи Б.Ғафуров гузаронида шуд. Дар авали маърака сухани табрикоти  ба раиси ноҳияи Б.Ғафуров А.Манонзода дода шуд. Ҳамаи ҷамъомадагонро ба рӯзи байналхалқии иди парчам табрик намуда  ба ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа муваффақиятҳо орзу намуд. Баъд сухани табрикотӣ ба директории иҷроиявӣ ТҶ АЗИТ Боймурадова Малика ва мудири бахши кор бо ҷавонон варзиш сайёҳии вилояти Суғд Мирдадоев Зарифчон ва мудири бахши кор бо ҷавонон варзиш сйёҳии ноҳияи Б. Ғафуров Олимҷон Зоҳидов дода шуд.

Мусобиқаи «Гӯштини камарбандй» дар  синну соли гуногун ва вазни мутлақ гузаронида шуд. Ҳамаи ғолибон бо тухфаҳо мукофотонида шуданд. Тӯҳфаҳои асосӣ ин яхдон, телевизор (оинаи нилгун), ва гилем буд. Телевизор ва яхдон насиби иштирокчӣ аз ҷумҳурии Қирғизистон гардид. Гилем насиби иштирокчӣ аз ноҳияи Исфара гардид.

Умуман чорабинии мазкур дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Ҳамаи варзишгарон, доварон ва тренерон аз ташкили чорабинӣ қаноатбахш буданд.

Ҳабарҳои дигар

26 авг 2022

Таҳсилоти иловагии

Санаи 23 августи 2022сол менторони ноҳияҳои мақсаднок ва якчанд омузгорони Марказҳои таҳсилоти иловагии (МТИ) вилоят барои мубодилаи таҷриба ба ТҶ “Ҳамсол ба ҳамсол”, ки бо Озмоишгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода фаъолият мебаранд, ташриф намуданд.

1 авг 2018

ТОТ для 10 медицинских работников

Одной из основных задач проекта «Поддержка гражданского общества в применении реабилитации на уровне сообщества для людей с инвалидностью в районе Айни» является запуск системы скрининга детей от 0 до 3 лет и раннего ...

Минтақаҳои фаъолият