8 дек 2010

Мулоқотҳо бо намояндагони ташкилотҳои шарикӣ

2, 3, 4 декабри соли 2010 дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Душанбе мулоқотҳо бо намояндагони ташкилотҳои шарикӣ аз Душанбе, вилояти Хатлон, НТҶ ва таҳлилгарони халқии онҳо оид ба арзёбии фаъолият дар доираи лоиҳаи АСТ СА/DFID «Таъмини иштироки ҷамъияти шаҳрвандӣ дар татбиқу мониторинги барномаҳои рушди мамлакат» шуда гузаштанд.

Чунин мулоқот оид ба арзёбии фаъолияти лоиҳавӣ бо намояндагони суғдии ташкилотҳои шарикии ГМ ва Таҳлилгарони Халқии онҳо дар охири ноябри соли ҷорӣ низ гузаронида шуда буд. Ин арзёбӣ дар доираи лоиҳа дар се сатҳ - дар сатҳи намояндагони ҷомеаи мақсаднок, дар сатҳи ташкилотҳои шарикӣ, ҳамчунин бо кормандони ҳамин лоиҳа барои муқаррар кардани стратегияи минбаъдаи кори лоиҳа гузаронида мешавад.

Умуман дар мулоқотҳо 35 нафар иштирок карданд. Дар рафти мулоқотҳо масъалаҳои ҳамкории ҷомеаҳои маҳаллӣ бо ҳукумат, муроҷиати шаҳрвандон ба ҳукуматдорон, муносибату усулҳои бомуваффақият, ки ҷомеаҳо дар ҳалли масъалаҳои ҷомеаҳо мавриди истифода қарор медиҳанд, муҳокима карда шуданд. Иштироккунандагон ба фаъолияти лоиҳа якдилона баҳои мусбат доданд ва таъкид намуданд, ки ин лоиҳа ба инкишофи потенсиали ҳам ташкилотҳои шарикӣ ва ҳам таҳлилгарони халқии онҳо саҳми назаррас гузошт. Лоиҳа ба таҳлилгарони халқӣ имкон дод, ки аз эҳтиёҷоти ҷомеаҳои мақсаднок дар ноҳияҳои мақсаднок хубтар огоҳ гарданд ва дар асоси эҳтиёҷоти ошкор шудаи ҷомеаҳои мақсаднок лоиҳаҳои нав таҳия кунанд.

Ҳабарҳои дигар

12 окт 2021

Макоми зан дар чомеа

«Агар дар бобати бузургии зан ва мақому манзалати он дар ҷомеа борҳо ва солҳо ҳам сухан гуем, боз ҳам басанда нест. Зеро зан олиҳаест, ки дар садафи ӯ қиматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд. Бузургтаринҳо аз урафову уламо, пешвоҳо ва шахсиятҳое, ки ҷаҳон дар нерумандӣ ва тавоноиашон қойим гардидааст, аз зан ба дунё омадаанду дар домани ӯ парвариш ёфтаанд» бо чунин суханон кормандони ТЧ «АЗИТ» семинарро огоз намуданд. Семинар санаи 12 октябри соли 2021 дар мактаби тахсилоти умумии №36, чамоати Исфисор, нохияи Бобочон Гафуров дар мавзуи «Макоми зан дар чомеа» баргузор гардид. Максад аз баргузории семинари мазкур баланд бардоштани сатхи маълумотнокии чавонону наврасон оиди накши зан дар хаёти имруза мебошад. Дар рафти семинар фасилитарони лоиха тарики интерактив хамрохи иштирокчиён корхои гурухи, бозихо гузарониданд. Иштирокчиён фаъолона ширкат варзида, оиди накши зан дар чомеаи имруза, зан-модар, маълумотнокии зан маълумот гирифтанд ва мухокима намуданд. Чорабинии мазкур аз ҷониби ТЧ "АЗИТ" бо дастгирии Дафтари САҲА дар Душанбе баргузор мешавад #poastiandosce

29 июл 2012

Долина мира выступает против экстремизма

28 Июля. В Канибадамском и Джабборасуловском районах Согдийской области Таджикистана стартовал проект по предотвращению религиозного экстремизма. Он выполняется членами Сети "Долина мира" в рамках Программы малых грантов.

Минтақаҳои фаъолият