19 май 2010

Мулоқоти аъзои Гурӯҳи Мусоидатгар

18-19 май дар Хуҷанд мулоқоти кории роҳбарон ва кормандони калидии 19 ташкилоти ҷамъиятӣ, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон кор мекунанд ва ба Гурӯҳи Мусоидат ба татбиқ ва мониторинги Барномаҳои Миллии Рушд до-хил мешаванд, баргузор гардид.

Дар мулоқот якчанд фаслҳои калидии стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар солҳои 2010-2012, ки ҳукумати мамлакат кабул кардааст, мав-риди муҳокима қарор гирифта, нақшаи пешакии мониторинг аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва рафти татбиқи якчанд банди ин ҳуҷҷат таҳия гардид.

Азбаски соли 2009 ба ҳайъати Гурӯҳ боз 7 узви нав дохил шуданд, дар ин мулоқот байни ташкилотҳо – шарикони Гурӯҳи Мусоидат Меморендуми иловагӣ, аз рӯи ҳисоб дуюм, дар бораи ҳамкорию ёрии мутақобила баста ва имзо карда шуд. Ин тадбирро Ассотсиатсия зиёиёни илмию техникии Тоҷикистон ташкил кард, ки он фаъолияти Гурӯҳи мусоидатро координатсия мекунад. Тадбири мазкур дар доираи Лоиҳаи « Пешбурди иштироки ТҶШ дар мониторинг барномаҳои давлатӣ», ки бо дастгирии АКТ ҶА ва ДФИД татбиқ мегардад, шуда гузашт.

Ҳабарҳои дигар

2 фев 2019

Игровая группа для детей с инвалидностью в Анзобе

В рамках проекта “Поддержка гражданского общества в применении реабилитации на уровне сообщества для людей с инвалидностью в районе Айни”, который финансируется Европейским Союзом и Каритас Германия прошла еженедельная встреча ...

15 янв 2017

Семинар барои омӯзгорони мактабҳои мақсаднок дар мавзӯи “Тарзи ҳаёти солим”

Дар чаҳрчӯбаи лоиҳаи “Сулҳ ва ҳамкорӣ бо мо оғоз меёбад”, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ маблағгузорӣ карда шудааст, аз 11 то 14 январи 2017 сол аз ду семинари банақшагирифташуда аввалини он дар мавзӯи “Тарзи ҳаёти солим” барои омӯзгорони мактабҳои мақсадноки ҷамоатҳои н. Б. Ғафуров ва ш. Исфара баргузор гардид

Минтақаҳои фаъолият