31 июл 2009

Дар бораи Гурӯҳи Мусоидатгар

Гурӯҳи Мусоидатгар ба татбиқ ва мониторинги Стратегияи Паст кардани Сатҳи камбизоатӣ намояндаи 19 ташкилоти ҷамъиятиро дар бар мегирад, ки дар амалигардонии барномаҳои рушд дар минтақаҳои гуногуни мамлакат таҷрибаи бисёрсола доранд.

Аз таърихи ташкилёбӣ: Моҳи маи соли 2006 Ассотсиатсияи Зиёиёни Илмию Техникӣ бо муҳокимаи масъалаи дар гурӯҳҳои минтақавии мусоидат ба татбиқи Стратегияи Паст кардани Сатҳи камбизоатӣ муттаҳид сохтани намояндагони манфиатдори сектори шаҳрвандӣ оғоз бахшид. Дар натиҷа ду Гурӯҳи Мусоидатгар ташкил карда шуданд, ки дар кор оид ба таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷати СПСК фаъолона ширкат варзиданд ва як қатор тавсияю таклифҳои худро пешниҳод карданд. Моҳи феврали соли 2006 дар мулоқоти муттаҳидаи ду Гурӯҳ дар бораи дар як Гурӯҳи Мусоидатгар муттаҳид сохтани онҳо карор қабул шуд.

Гурӯҳи Мусоидатгар бо мақсади якҷоя кардани ҷидду ҷаҳди секторҳои мухталифи ҷамъият барои ба даст овардани натиҷаҳои нисбатан назаррас дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ таъсис дода шудаанд.

Вазифаҳо:

  • Иштирок дар таҳияи механизми ҷалб кардани Ҷамъияти Шаҳрвандӣ дар коркард ва татбиқи барномаи ихтисори камбизоатӣ
  • Ба роҳ мондани механизми амалҳои якҷояи тарафҳои асосии манфиатдор ва ҳамкории конструктивӣ бо сохторҳои ҳукуматӣ дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ
  • Таъмин намудани иттилоънокии бештари аҳолӣ оид ба масъалаҳои татбиқи Стратегияи Миллии Рушд
  • Мониторинги татбиқи Стратегияи Паст кардани Сатҳи камбизоатӣ ва пешниҳод кардани иттилооти хушсифат дар макросатҳ

Ҳамкорӣ дар Гурӯҳ тавассути Меморендум дар бораи ёрии мутақобила ва ҳамкорӣ танзим карда мешавад. Дар Меморендум принсипҳои зерин муайян карда шудаанд:

  • Баробарҳуқуқии ҳамаи намояндагони ГМ;
  • Схемаи чатрии фаъолияти ГМ;
  • Ротатсия (ҷойивазкунӣ) дар ташкилу иҷрои фаъолияти ГМ;
  • Риоя кардани принсипи «дарҳои кушода» барои ҳамаи хоҳишмандоне, ки ба кори ГМ ҳамроҳ шудан мехоҳанд

Намояндагони Гурӯҳи Мусоидатгар

  • ТҶ «Ассотсиатсияи Зиёиёни Илмӣ-Техникӣ»
  • ТҶ «Ассотсиатсияи «Занон ва Ҷамъият»
  • ТҶ «Саодат»
  • ТҶ «Чашмаи ҳаёт»
  • ТҶ «Fамхорӣ»
  • ТFҲ «Меҳрангез»
  • ТFҲ «Зан ва Замин»
  • ТҶ «Наҷоти кӯдакон»
  • ТҶ «ICA:EHIO»
  • ТҶБХ «Ҷовид»
  • ТҶ Маркази экологии ҷавонон
  • ТҶ MGM Media
  • ТҶ Фародис
  • ТҶ Ҳамдилон
  • ТҶ Гендер ва рушд
  • ТҶ Сано
  • ТҶ Накӯкор
  • ТҶ Чашма

Гурӯҳи муттаҳидаи Мусоидатгар барои шарикии иҷтимоӣ ба Намояндагони ҳамаи секторҳои ҷамъият кушодааст.

Гурӯҳи Мусоидатгар ба Аct Ca барои дастгирии молиявӣ самимона арзи сипос менамояд.

Маълумот дар бораи мо барои тамос гирифтан: Ассотсиатсияи Зиёиёни Илмию Техникии Тоҷикистон, 735700, а/я 49, ш. Хуҷанд, кӯчаи Ленин 85а, тел:/факс: (9923422) 63206

Web-site: www.asti.tj 

e-mail: office@asti.tj

web-site: www.prs.tajmonitoringgroup.com

Ташкилотҳои чатрӣ дар минтақа

Маркази Экологии Ҷавонон

734024, Душанбе, кӯчаи Герсен 3

Телефон: (992-37) 223-50-41

Тел/факс: (992-37)227-81-18

e-mail: tabiat@tajnet.com  
Web-site: www.ecocentre.tj

ТҶ «Fамхорӣ»

735140 вилояти Хатлон

Ш. Қӯрғонтеппа, кӯчаи «Космонавтов» 42-46

Телефон (9923233) 30645

Факс (9923222) 33868

e-mail: ghamkhori@tojikicton.com

ТFҲ «Наҷоти кӯдакон» ш. Кӯлоб, кӯчаи Сомони 122, утоқи 34. Телефон: (9923322) 2-52-35, 2-51-09

e-mail: farzona52@mail.ru

Ҳабарҳои дигар

23 дек 2020

Семинар на тему "Гендерное (не)равенство в семье

Был проведен семинар на тему "Гендерное (не)равенство в семье. Гендерные стереотипы" в общеобразовательной школе #32 в джамоате Шахрак, Бобочон Гафуровского района для мальчиков 11 классов.

20 июл 2020

Проект: «Повышение осведомленности населения о ЦУР 4 в рамках ЦУР к 2030 году и Национальной стратегии развития Таджикистана»

Цель проекта: • проводить информационные кампании по продвижению ЦУР 4 в рамках ЦУР до 2030 года и целей, указанных в Национальной стратегии развития Таджикистана 2030

Минтақаҳои фаъолият