15 мар 2010

Мулоқоти шарикони Гурӯҳи Мусоидатгар

3-4 марти соли 2010 дар ш. Хуҷанд мулоқоти шарикони Гурӯҳи Мусоидатгар ба мониторингу татбиқи СПСК барпо гардид. Алҳол Гурӯҳи Мусоидатгар 19 ташкилоти ҷамъиятиро аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва НТҶ намояндагӣ мекунанд. Мулоқоти мазкур ба натиҷаҳои мониторинги ҷамъиятии гузаронидашуда оид ба татбиқи як қатор тадбирҳои СПСК дар минтақаҳо бахшида шуда буд.

Шарикон дар раванди муҳокимаи мушкилиҳое, ки ҳангоми ҷамъоварии иттилоот дар маҳалҳо ба миён омада буданд, стратегияи нави кори Гурӯҳи Мусоидатгарро дар 5 соли наздик таҳия карданд. Дар рафти муҳокима ба қароре омаданд, ки стратегияи фаъолияти Гурӯҳи Мусоидатгарро бо назардошти вазъи мавҷуда дар соҳаи ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ, ки ба татбиқ ва мониторинги СПСК дар солҳои 2010-2012 масъуланд, таҳия кунанд ва ба баланд бардоштани иттилоънокии аҳолӣ дар бораи барномаҳои миллии ба кам кардани камбизоатӣ нигаронида шуда диққати махсус диҳанд.

Ҳабарҳои дигар

23 фев 2011

Вохўрии вилоятӣ оиди коркарди барномаҳо барои ҷавонон

Дар чаҳорчўбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм» (MYPAR), ки аз ҷониби Иттҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, вохўрии вилоятӣ дар мавзўи «Коркарди барномаҳо барои ҷавонон» баропо гардид.

16 мар 2020

Курсҳои қаннодӣ идома доранд

Дар ҷамоати Шаҳраки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров курсҳои қаннодӣ идома доранд. Дар ҷараёни курс иштирокчиён малакаҳои нави омода кардани хӯрокҳои гуногун, маводҳои қаннодӣ ва хуришҳоро аз худ намуданд.

Минтақаҳои фаъолият