23 фев 2011

Вохўрии вилоятӣ оиди коркарди барномаҳо барои ҷавонон

Дар чаҳорчўбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм» (MYPAR), ки аз ҷониби Иттҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, вохўрии вилоятӣ дар мавзўи «Коркарди барномаҳо барои ҷавонон» баропо гардид.

Мақсади вохўрӣ: пешниҳод намудани консепсия оиди масъалаҳои ҷавонон ва радикализм, ки коршиносони гурўҳи кории лоиҳа коркард кардаанд.

  • Дар вохўрӣ чунин шахсон иштирок карданд:
  • сардори раёсати маорифи вилоят
  • намояндагони раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳи вилояти Суғд
  • намояндагони раёсати дин ва иттиҳодияҳои динии вилояти Суғд ва ноҳияҳои мақсаднок
  • намояндагони мақомотҳои маҳаллии ноҳияҳои мақсаднок
  • раисон ва намояндагони ҷамоатҳои мақсаднок
  • намояндагони ВАО - ТВ «Азия», ТВ СМ-1 ва рўзномаи «Омузгор».

Тюряев Ҷ. – ҳамоҳангсози лоиҳа, сухани ифтитоҳӣ намуда, ба ҳамаи иштирокчиён миннатдорӣ баён намуд. Сипас, аз иштирокчиён хоҳиш намуд, ки худро муаррифӣ намоянд.

Баъдан, раиси намояндагии «International Alert» дар Тоҷикистон Марк Фумагалли кулли иштирокчиёнро бо фаъолияти ташкилоти ғайридавлатии байналхалқии «International Alert» ошно намуд.

Дар баромади худ ў қайд намуд, ки «International Alert» ташкилоти Бритонёи Кабир буда, дафтари марказии он дар ш. Лондон ҷойгир аст. «International Alert» - ин ташкилоти ғайридавлатии мустақил буда, барои барпо намудани сулҳу осоиштагии мустаҳкам фаъолият мебарад. Бо ташаббуси хеш ин ташкилот кўшиш ба харҷ медиҳад, ки сабабҳои асосии ихтилофро дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон бартараф намояд. Бо ҳамин мақсад «International Alert» бо ташкилотҳои Африқои Шарқӣ (минтақаи Кўлҳои Бузург), Африқои Ғарбӣ, Амрикои Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Қофқоз ҳамкорӣ мекунад. Инчунин, ин ташкилот аз рўи барномаҳои минтақавӣ оиди бизнес, кумаки гуманитарӣ ва кўмак баҳри рушду тараққиёт, амният ва мувозинати гендерӣ дар ҷодаи бунёди сулҳ ва таъсиррасонӣ ба ҳокимият барои ворид намудани тағйирот оиди ин масъалаҳо ва татбиқи онҳо дар сатҳи давлатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ кор мекунад.

Рабиев Н. – сармуҳосиби ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи Зиёиёни Илмӣ - Техникии Тоҷикистон (ТҶ АЗИТ) мухтасар дар бораи фаъолияти ташкилот нақл намуд. Дар баромади худ ў қайд намуд, ки яке аз самтҳои фаъолияти ТҶ АЗИТ ин ҳиссагузорӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ, коркард ва татбиқи барномаҳои ҳифзи саломатии ҷомеа, мустаҳкам намудани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ислоҳоти демократӣ мебошад.

Дар давоми вохўрӣ Раҳмонов Т. – мутахассиси лоиҳа иштирокчиёнро бо мақсад, вазифаҳо ва фаъолияти лоиҳа шинос намуд. Ў қайд намуд, ки лоиҳа барои паст намудани паҳншавии радикализм байни ҷавонони н. Ашт ва Б. Ғафурови вилояти Суғд равона карда шудааст. «International Alert» дар ҳамкорӣ бо ТҶ АЗИТ ва Кумитаи ҷамъиятии рушди Тоҷикистон барномаи пешгирии радикализм байни ҷавононро дастгирӣ мекунад. Ин барнома тавассути ташкили як зумра чорабиниҳо барои ҷавонони шаш ҷамоатҳои мақсаднок амалӣ мегардад.

Муллоҷонов П. – коршиноси гурўҳи корӣ, лоиҳаи консепсия оиди масъалаҳои ҷавонон ва радикализмро пешниҳод кард. Чи хеле, ки худи Парвиз Муллоҷонов қайд кард, лоиҳаи консепсия соли гузашта аз тарафи як гурўҳ мутахассисон, аз ҷумлаи намояндагони идораҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, кормандони илм ва коршиносон оиди масъалаҳои дин коркард гардидааст. Инчунин, консепсия фикру мулоҳизаи ҷавонони тоҷикро дар бар мегирад.

Сипас, иштирокчиёни вохўрӣ масъалаҳои асосии лоиҳаи консепсия, проблемаҳои махсус оиди таъсири дин ва ҷараёнҳои динӣ, ки бо он ҷавонони вилояти Суғд рў ба рў мешаванд, муҳокима гардиданд.

Дар асоси консепсияи пешкашшуда, иштирокчиёни вохўрӣ соҳаи мудохилаткуниро интихоб намуданд, то ин ки сиёсати пешкашшударо дар шаш ҷамоатҳои пилотӣ озмоиш намояд. Ин соҳаҳо маърифати диниву шаҳрвандӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, инчунин гузаронидани ВАО маъракаҳоро дар бар мегирад. Инчунин, иштрокчиён нишондиҳандаҳои мушаххаси таъсири барномаҳоро мутобиқ намуданд. Ин нишондиҳандаҳо таъсири барномаи мазкурро ба осебпазирии ҷавонон нисбати таъсиротҳои радикалӣ муайян мекунад.

Чи хеле, ки сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Ҷалолов С. Ҷ. қайд кард, татбиқи ин лоиҳа дар кишвар саривақта ва актуалист. Пайдоиши радикализм дар Тоҷикистон ба назар хеле аҷиб ва ғайриоддӣ менамояд. Ин ҳодиса дар ҳамон гўшаи кишвар ба вуҷуд меояд, ки аз сабаби аз ҳад зиёд будани гуногунӣ дар бисёрии соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ноил шудан ба возеҳии матлуб имконнопазир аст.

Ғиёсов Н. И., коршиноси гурўҳи корӣ: ба фикри ман лоиҳа хеле саривақта мебошад, ба хусус, пас аз ҳодисаҳои охирине, ки дар кишварҳои арабизабон ба вуҷуд омаданд. Тасаввур кардан хеле мушкил аст, ки дар кадом қитъаи олам боз чи ҳодиса рўй медиҳад. Ин механизм барои тафсилшавӣ эҳтиёҷ дорад. Агар, ки мақсади ин пешниҳодот ба қонун ҷорӣ кардан бошад, пас, чунин механизмҳоро бояд коркард намуд, ки барои ноил шудан ба ин мақсад кўмак расонида шавад; дар ноҳияҳо тадқиқотҳо оиди радикализм бояд муфассалтар гузаронида, минтақаҳои проблемавӣ аз худ карда шаванд ва барномаи пешгирии радикализмро коркард бояд намуд.

Моҳи март, дар чаҳорчўбаи лоиҳа, дар ду ноҳияҳои мақсадноки вилояти Суғд барои ҷавонон вохўриҳо оиди коркарди барномаҳо гузаронида мешаванд.

Ҳабарҳои дигар

Минтақаҳои фаъолият