17 мар 2021

Мастер класс оид ба навиштани нақшаи фаъолият

Санаи 17-уми марти соли 2021 дар доираи лоиҳаи "Омӯзиш ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеаҳо- роҳ ба сӯи сулҳофарӣ ва субот" мастер класс оид ба навиштани нақшаи фаъолият дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои ҷавонон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ -такмили малакаҳои амалии ҷавонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба таҳияи нақшаи фаъолиятӣ, ки ба пешгирии мушкилиҳои ҷомеа равона карда шудаанд. Бояд қайд кард, ки ҷавонон бо қадамҳои давраи бехатарӣ ва нақшаи фаъолиятӣ шинос шуданд. Ин чорабинӣ ба ҷавонон барои муайян намудани мушкилоти афзалиятнок ва таҳияи нақшаи фаъолиятиашон мусоидат намуд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ТҶ "АЗИТ" бо дастгирии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳабарҳои дигар

19 дек 2018

Маросими мукофотонидани ғолибони озмунҳои расм ва иншои беҳтарин

Инак, озмуни расм ва иншои беҳтарин ҷамъбаст гардид. Ғолибон муайян гаридиданд. Барои мукофотонидани ғолибон кормандони лоиҳаи “Оила бе зӯроварӣ” ба мактабҳои ҷамоатҳои мақсаднок - Сурх, Чорку ва Ворух сафар намуданд.

Минтақаҳои фаъолият