11 окт 2010

Гурӯҳи Мусоидатгар оид ба мониторинги Барномаҳои миллии рушд

7 октябр дар шаҳри Душанбе дар толори конфронси маҷмааи «Пойтахт» мулоқоти кории Гурӯҳи Мусоидатгар бо намояндагони ВИҶТ барпо гардид, ки дар он масъалаҳои иштироки амалии намояндагони ТҶШ дар Мониторинги Стратегияи Паст кардани сатҳи камбизоатӣ (СПСК), ки Ҳукумати Тоҷикистон қабул кардааст, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Гурӯҳи Мусоидатгар ба мониторинги Стратегияи Паст кардани Сатҳи Камбизоатӣ, ки ба он 19 ташкилоти ҷамъияти шаҳрвандӣ аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон дохил мешаванд, ба МИҶТ усулу муносибатҳоеро, ки онҳо барои гузаронидани мониторинги ҷамъиятии СПСК истифода мебаранд, пешниҳод карданд.

Чи тавре ки шарикони ГМ таъкид карданд: «Ин мониторинг марҳилаи мобайнии мониторинги рафти татбиқи як қатор тадбирҳои интихобкардаи СПСК ва арзёбии таъсири татбиқи Стратегия ба сатҳи ҳаёти 420 оилаи пилотӣ, ки дар 30 шаҳру ноҳияи мамлакат зиндагӣ мекунанд, мебошад. Дар ин ноҳияҳо сатҳи дастрасии одамон ба хизмати тиббӣ, маориф, фароғат, ҷои корӣ, ғизои босифат ва ғайра дар соли 2010 мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Омўзиши динамикаи инкишофи ин оилаҳо то соли 2012 идома меёбад. Ин амал имкон медиҳад таъсири барномаҳои татбиқшавандаи рушд ба ҳаёти одамони оддӣ нисбатан босифат пешгирӣ карда шавад».

Дар рафти мулоқоти корӣ ҳамчунин ба диққати иштироккунандагон маълумот дар бораи таҷрибаи кори Гурӯҳи Мусоидатгар оид ба натиҷаҳои кори он роҷеъ ба мониторинги ҷамъиятӣ ва ҳисоботи таҳлилии чопшуда роҷеъ оид ба таҳқиқоти сурат гирифта пешкаш гардиданд.

Сипас иштироккунандагони мулоқот ҷанбаҳои ҳамкории ТҶШ-ро бо МИҶТ муҳокима ва баррасӣ карданд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, рӯзноманигорон ва роҳбарони ТҒҲ ширкат варзиданд.

Ҳабарҳои дигар

26 окт 2021

Милиция на страже безопасности

"Сексуально-гендерное насилие", "домашнее насилие", "насилие в отношении женщин и девочек" - подобные термины всё чаще можно услышать с высоких международных трибун, а в кругу простых обыватей рассказывают об очередном насилии над беззащитной девочкой или о попытке суицида молодой мамы, не выдержавшей очередных побоев от своего мужа.

1 авг 2017

ПРЕСС-РЕЛИЗ

Мақсади лоиҳа - баланд бардоштани сатҳи маърифату масъулияти аьолии ноҳияҳои мақсаднок оиди сариваыт аз ыайд гузаронидани ьужжатьои шаьрвандц ва беҳтар намудани дастрасии онҳо ба хизматрасониьои давлатӣ, ки аз ҷониби маыомоти САҲШ ба шаьрвандон расонида мешавад, равона шудааст.

Минтақаҳои фаъолият