Намоиши расмҳо дар ҷамоати Овчи – Қалъача

Дар чаҳорчўбаи лоиҳаи “Сулҳ ва ҳамкорӣ бо мо оғоз меёбад” дар моҳи феврал дар ҳамаи мактабҳои мақсадноки шаҳри Исфара ва ноҳияи Б. Ғафуров озмуни расмҳои беҳтарин эълон карда шуд. Мақсади лоиҳаи мазкур – ин рушди нерўи эҷодии хонандагон аз нигоҳи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ аст.

Дар расмҳои худ кӯдакон тавонистанд фикру ақидаҳо, тасввуротҳои худро нишон диҳанд, онҳо тавонистанд, ки фаҳмиши худро оиди «Сарҳад» ва «Дӯстӣ бидуни марз» тасаввур намоянд.

Дар оғози моҳи март аз ҳар як мактаб 5 донагӣ расмҳо ҷамъ оварда шуданд. Комиссияи грантӣ, ки иборат аз намояндагони Раёсати маорифи вилояти Суғд буд, 16 расмҳои беҳтаринро интихоб намуд. Чунин озмун дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

18 марти соли ҷорӣ намоишгоҳи аввалин дар ҷамоати Овчи – қалъача баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ, директорон ва хонандагони мактабҳо ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд. Ин қадами бузурге буд ба сӯи назар андохтан ба вазъият ба воситаи чашмони кўдакон ва эҳсос намудани масъала бо дил буд.

22 март намоишгоҳ дар ҷамоати Ворух, ки аҳолии маҳаллӣ иди «Наврӯз» - ро ҷашн гирифта истода буданд, баргузор гардид. Ҳамаи онҳое, ки дар ин ҷашнвора иштирок доштанд кори рассомони ҷавонро бе диққат нагузоштанд ва барои пурмаъногию аҳамиятнокии он корҳо баҳои баланд доданд. Дар чорабинӣ намояндагони ҷамоат, намояндагони Ҳукумати шаҳри Исфара, муаллимон ва директорони мактабҳо, хонандагон ва сокинони ҷамоати Ворух, инчунин меҳмонон аз Қирғизистон, ки ба ид даъват шуда буданд, ширкат варзиданд.

Дар рӯзи намоишгоҳ ғолибон бо туҳфаҳо аз намояндагони Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ техникии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Яке аз ғолибони озмун Сафарова Дилангез ба саволи барои шумо дӯстӣ чӣ маъно дорад чунин посух дод: “Дӯстӣ барои ман пеш аз ҳама ин ҳамдигарфаҳмӣ, хоҳиши қабули одамон чӣ хеле, ки онҳо ҳастанд мебошад. Хеле хушнудам, ки имконияти расонидани паёми дӯстии худро дорам”.

 

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият