7 oct 2017

Фарҳанги тоҷиконро ба бонувони Қирғизистон омӯзониданд

Айдин Абдикаллак:

-Дар деҳаи Оқсой мо сехи дӯзандагӣ надорем. Хурсандам, ки ҳамсолонам аз Тоҷикистон моро ба чунин маҳфил даъват карданд.

Дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара мастер-класс оид ба зардӯзӣ баргузор гардид. Дар он натанҳо ҷавондухтарони ҷамоат, инчунин ҳамсолони онҳо аз деҳаи Оқсойи Қирғизистон иштирок карданд.

-Имрӯз дар баробари атласу адрас ва гулдӯзӣ, зардӯзӣ низ дар мӯд аст,-мегӯяд Таҳзира Тешаева, аъзои гурӯҳи тамосии ҷамоат.-Аз ин сабаб, ҳангоми қабули нақша-чорабинии муштарак баргузории омӯзишро оид ба зардӯзӣ пешниҳод намудем. Ба ҳамин восита, дар баробари эҳёи ҳунарҳои миллӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҷавонони Қирғизистон, мо мехоҳем онҳоро бо фарҳанги тоҷикон шинос намоем.     

Ҳангоми сӯҳбат бо аксари иштирокчиёни мастер-класс маълум гардид, ки онҳо дар оянда мехоҳанд малака ва маҳорати андӯхтаашонро ба дигарон низ омӯзонанд. Аз ҷумла, Айдин мехоҳад дар оянда бо дастгирии омӯзгоронаш маҳфили дӯзандагиро барои духтарони деҳаи Оқсой ташкил намояд. Таҳзира бошад, гуфт, ки дар сехи атлас ва адрасбофӣ ба ғайр аз гулдӯзӣ, зардӯзӣ ва мӯҳрабофиро низ ба роҳ хоҳанд монд.

Хушҳолкунанда он буд, ки ҷавондухтарони Тоҷикистон ва Қирғизистон мақсади асосии иштирок дар чорабинии муштаракро пеш аз ҳама, дар дӯстӣ ва ҳамкорӣ иброз доштанд.

Мавҷуда Саидалиева, зани моҳир аз ҷамоати Лаккон буда, солҳост ба дӯхтани зардӯзӣ машғул аст ва имрӯз ӯ бонувони ҳамсоякишварро ба ин ҳунар меомӯзонад, мегӯяд: 

-Агар шавқу ҳавас бошад, дар як рӯз ҳам. аз худ мекунанд, зеро аз таҷрибаи худ медонам. Аз ин ҳунар даромади хуб ба даст овардан мумкин аст.

Мастер-класс оид ба зардӯзӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияиҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ, иштирокчиёни он дархост карданд, ки минбаъд онҳоро бештар ба чорабиниҳои ҳунаромӯзӣ даъват намоянд.

Other news

16 nov 2009

Valley of Peace examine the religious processes in the region

On November 11-13th in Osh was held a training to raise awareness about the basics of world religions and especially Islam. It was organized specially for the representatives of the organizations - members of the Network "Valley of Peace".

29 apr 2021

Малакаҳо барои оянда ва гузариш барои ҳаёти корӣ

20 апрели соли 2021 дар доираи лоиҳаи «Малакаҳо барои оянда ва гузариш барои ҳаёти корӣ» дар шаҳри Хуҷанд дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд вохӯрии ҳамоҳангсозӣ бо намояндагони Хазинаи кудакони СММ дар Тоҷикистон Бина Кутипарамб - роҳбари бахши Рушд ва иштироки Наврасони барномаи Пешсаф, Мавзуна Нурханова - масъули барномаи инноватсия ва иштироки Наврасон, Каримова Фаридхон Мутахассиси бахши мониторинг оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар вилояти Суғд, директорони МТИ ва менторон баргузор гардид.

Regions of Activity