7 окт 2017

Фарҳанги тоҷиконро ба бонувони Қирғизистон омӯзониданд

Айдин Абдикаллак:

-Дар деҳаи Оқсой мо сехи дӯзандагӣ надорем. Хурсандам, ки ҳамсолонам аз Тоҷикистон моро ба чунин маҳфил даъват карданд.

Дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара мастер-класс оид ба зардӯзӣ баргузор гардид. Дар он натанҳо ҷавондухтарони ҷамоат, инчунин ҳамсолони онҳо аз деҳаи Оқсойи Қирғизистон иштирок карданд.

-Имрӯз дар баробари атласу адрас ва гулдӯзӣ, зардӯзӣ низ дар мӯд аст,-мегӯяд Таҳзира Тешаева, аъзои гурӯҳи тамосии ҷамоат.-Аз ин сабаб, ҳангоми қабули нақша-чорабинии муштарак баргузории омӯзишро оид ба зардӯзӣ пешниҳод намудем. Ба ҳамин восита, дар баробари эҳёи ҳунарҳои миллӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҷавонони Қирғизистон, мо мехоҳем онҳоро бо фарҳанги тоҷикон шинос намоем.     

Ҳангоми сӯҳбат бо аксари иштирокчиёни мастер-класс маълум гардид, ки онҳо дар оянда мехоҳанд малака ва маҳорати андӯхтаашонро ба дигарон низ омӯзонанд. Аз ҷумла, Айдин мехоҳад дар оянда бо дастгирии омӯзгоронаш маҳфили дӯзандагиро барои духтарони деҳаи Оқсой ташкил намояд. Таҳзира бошад, гуфт, ки дар сехи атлас ва адрасбофӣ ба ғайр аз гулдӯзӣ, зардӯзӣ ва мӯҳрабофиро низ ба роҳ хоҳанд монд.

Хушҳолкунанда он буд, ки ҷавондухтарони Тоҷикистон ва Қирғизистон мақсади асосии иштирок дар чорабинии муштаракро пеш аз ҳама, дар дӯстӣ ва ҳамкорӣ иброз доштанд.

Мавҷуда Саидалиева, зани моҳир аз ҷамоати Лаккон буда, солҳост ба дӯхтани зардӯзӣ машғул аст ва имрӯз ӯ бонувони ҳамсоякишварро ба ин ҳунар меомӯзонад, мегӯяд: 

-Агар шавқу ҳавас бошад, дар як рӯз ҳам. аз худ мекунанд, зеро аз таҷрибаи худ медонам. Аз ин ҳунар даромади хуб ба даст овардан мумкин аст.

Мастер-класс оид ба зардӯзӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияиҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ, иштирокчиёни он дархост карданд, ки минбаъд онҳоро бештар ба чорабиниҳои ҳунаромӯзӣ даъват намоянд.

Ҳабарҳои дигар

16 июн 2020

"COVID-19" саҳми хешро гузоштанд

Кормандони Маркази Захиравии Занони ТЧ "АЗИТ" низ дар пешгирии паҳншавии бемории сироятии "COVID-19" саҳми хешро гузоштанд. Бо аҳолӣ дар минтакаи мақсадноки лоиха- Б. Ғафуров, яъне дар ҷамоатҳои Шаҳрак ва Ҳайдар Усмон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Ҳамроҳи раисони кумитаҳои маҳалла онҳо ба хонахои ахолии максаднок рафтанд ва сӯҳбати профилактикӣ гузарониданд, ки дар ҷараёни он ниқобҳои муҳофизатӣ ва антисептикхо интиқол дода шуданд. Инчунин ба хар яке аз онхо буклетҳои иттилоотӣ дар бораи усулҳои муҳофизат аз коронавирус дода шуд. Дар маҷмӯъ, бо 100 оила сӯҳбатҳо гузаронида шуданд, ки ба онҳо 500 ниқоб ва 250 дона антисептик дода шуд. Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ «АЗИТ» дар доираи лоиҳаи «Маркази захиравии занон» бо дастгирии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ гардид.

Минтақаҳои фаъолият