31 янв 2019

Оила бидуни зуроварӣ

«Оила бидуни зуроварӣ: оё ихтилофи оилави-ин зуроварист? Агар дар оила ихтилоф, низоъ ба миён омада, то ба латту куб оварад-ин хушунат аст? Чӣ чора бояд андешид?» бо чунин суолхо тренер Негматова Мунира омӯзишро оғоз намуд. Омӯзиш дар мавзӯи «Низоъ. Асосхои низоъ» санаи 31 январи соли 2019 дар шаҳри Исфара баргузор гардид. Омузиши мазкур барои гурӯҳи занҳои ҷамоатҳои Ворух, Сурх ва Чорку-и шаҳри Исфара пешбинӣ гардида, мақсади ин чорабинӣ баланд бардоштани иқтидори намояндагони кумитаҳои маҳаллӣ, коргарони ҷамоат, нозирони минтақавӣ, намояндагони дин ва гурӯҳҳои зери хатар - занон ва духтарон, «ҷабридадагон» - и зӯроварӣ дар оила мебошад. Тренер ҳамроҳи иштирокчиёни омӯзиш масъалаҳои низоъ, намудҳои он, дарахти низоъ, сабабҳо ва оқибатҳои низоъ ва роҳҳои ҳалли онро дида баромаданд. Дар рафти омӯзиш бо усулҳои ҳуҷуми ақлӣ ва кори гурӯҳӣ иштирокчиён муамморо муҳокима намуданд. Машғулиятҳои амалӣ ва бозиҳо хеле шавқовар буданд, ки ҳамаи иштирокчиён фаъолона ширкат варзиданд ва дар хотири иштирокчиён то дер хоҳад монд.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Оила бе зуроварӣ» бо дастгирии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон, аз тарафи ташкилоти чамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон» амалӣ мегардад, баргузор гардид.

Ҳабарҳои дигар

20 июн 2014

Имтиҳоҳо оғоз шуданд

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Пешбарии имкониятҳои мардуми деҳот тавассути иштирок ва таҳсилот барои ҳаёт» 6 ва 20 июни 2014 сол хонандагони ду гурӯҳи ихтисоси «Қаннод» имтиҳон супориданд.

11 янв 2011

Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм

Дар чаҳорчўбаи барномаи Комиссияи Аврупо аз моҳи декабри 2010 сол лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм» (MYPAR) амалӣ мегардад. Лоиҳа дар тўли 18 моҳ дар вилояти Суғди Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

Минтақаҳои фаъолият