10 окт 2009

Шабакаи Таҳлилгарони Халқӣ

АЗИТ аз соли 2008 дар самти ҷалб кардани ташкилотҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ба татбиқ ва мониторинги СПСК ва институтсионалонии минбаъдаи низоми мониторинги ҷамъиятӣ тавассути Шабакаи таъсисдодаи таҳлилгарони халқӣ кор мекунад. Аъзои Шабака дар давраи кор дониши муайян андӯхтанд. Ин дониш ба онҳо ёрӣ мерасонад, ки дар бораи рафти татбиқи барномаи Рушд иттилооти босифат гирд оварда, таҳлил кунанд.

Ба намояндагони ГМ додани малакаҳои эдвокасӣ ва фаъол кардани онҳо дар раванди мониторинги ҷамъиятӣ имкон медиҳад, ки механизми иштироки бевоситаи аҳолӣ дар арзёбии вазъи сифати ҳаёт таҳия ва ҷорӣ карда шавад. Дар натиҷа имконият ба миён меояд аз маҳалҳо дар бораи ҳамаи тағйироте, ки дар иртибот бо татбиқи барномаи рушди мамлакат рух медиҳанд, иттилооти саҳеҳ гирифта шавад.

Дар давраи татбиқи лоиҳаи гузашта (соли 2008) Шабакаи таҳлилгарони халқӣ аз ҷумлаи гурӯҳи ташкилотҳои мақсадноки хеле фаъол ба вучуд оварда шуда буд, ки дар онҳо аъзои Гурӯҳи Мусоидатгар кор мекарданд. Ҳамагӣ 60 таҳлилгари халқӣ интихоб шуда буданд. Ҳини интихоби Таҳлилгарони халқӣ мо ба меъёрҳое такя кардем, ки дар вақти мулоқоти кории ташкилотҳо – шарикон таҳия гардида буданд. Одаме, ки дар ҳамин территория зиндагӣ мекунад, дар ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат меварзад, маълумоти олӣ дораду забонҳои русию тоҷикиро медонад, Таҳлилгари халқӣ буда метавонад.

Фаъолияти Таҳлилгарони халқиро ташкилотҳо – шарикони Гурӯҳи Мусоидатгар мутобиқ мегардониданд. Мутобиқгардонии умумиро мутахассис оид ба кор бо таҳлилгарони халқии лоиҳа ба субут мерасонад. Таҳлилгарони халқӣ дар бораи таъсири барномаи рушд ба аҳолӣ иттилоот гирд оварда, ба ташкилотҳои чатрии Гурӯҳи Мусоидатгар ирсол мекарданд. Дар он ҷо бошад, иттилооти гирдомада мавриди коркард қарор мегирифт. Таҳлилгарони халқӣ усулҳои мушоҳидаи бевоситаи ҳаёти аҳолӣ ва анкетапуркуниро дар ҷамъоварии иттилоот истифода мебурданд.

Дар охири давраи лоиҳавӣ ҳисоботи таҳлилӣ оид ба таъсири барномаи рушди мамлакат ба сифати ҳаёти аҳолӣ тайёр карда шуд.

Аз моҳи апрели соли 2009 татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа таҳти унвони «Пешбурди иштироки Ҷамъияти Шаҳрвандӣ дар Мониторинги Барномаҳои Миллии Рушд» оғоз ёфт.

Дар доираи ин лоиҳа иштироки Шабакаи таҳлилгарон, ки ҳадди ақалл аз 60 нафар иборат мебошад, дар арзёбии сатҳи ҳаёт дар сатҳи ҷомеаҳои маҳаллӣ пешбинӣ карда мешавад.

Дар доираи ҳамин самт кори якҷояи Шабакаи таҳлилгарони халқӣ ва шарикони Гурӯҳи Мусоидатгар ба роҳ монда мешавад. Таҳлилгарони халқӣ бо машварати муназзаму мураттаби ташкилотҳои гурӯҳи мусоидат дар минтақаҳо ҳисобгирии даврии таъсири татбиқи СПСК-ро ба сатҳи ҳаёти оилаи мушаххас - пур кардани шаҳодатномаи оилаҳои интихобгардида ва харитаи андозагирии сифати ҳаётро дар сатҳи ҷомеаҳои маҳаллӣ мегузаронанд.

Барои баланд бардоштани потенсиали таҳлилгарони халқӣ гузаронидани семинарҳои кории «Тафаккури таҳлилӣ» ва «Мониторинг ва Арзёбӣ» бо иштироки намояндагони Гурӯҳи Мусоидатгар, хамчунин аз рӯи зарурат додани машваратҳои инфиродӣ пешбинӣ карда шудааст.

Иштироки намояндагони Таҳлилгарони Халқӣ дар мулоқотҳои Гурӯҳи Мусоидатгар ба онҳо имкон медиҳад оид ба кор бо ҳуҷҷатҳои стратегӣ малакаҳои зарурӣ андӯзанд.

Дар давоми давраи лоиҳавӣ васеъ намудани Шабакаи таҳлилгарони халқӣ пешбинӣ шудааст. Ин имкон медиҳад дарбаргирии территориявӣ васеъ карда, таъсири барномаҳои рушд ба теъдоди бештари аҳолӣ пайгирӣ карда шавад.

Ҳабарҳои дигар

21 сен 2022

Курси ройгони "Қаннодӣ"

Дар ҷамоати Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров курси ройгони "Қаннодӣ" ва дар ҷамоати Хистеварз курси "Йӯрмадузӣ"фаъолияти худро идома дода истодаанд.

28 апр 2017

Ҷавонони тоҷик ба Мақсад сафар карданд

Имрӯз дар мактаби ҷамоати Мақсади кишвари Қирғизистон Фестивали дӯстии сокинони ҷавони деҳаҳои ҳаммарз: Овчи­ Қалъача ва Мақсад доир гардид. Чорабинӣ аз ҷониби Фонди ҷамъиятии "Таҳаммулпазирии байналхалқӣ" дар Қирғизистон дар ҳамкорӣ бо Ассосиатсияи илмӣ-техникии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" баргузор шуд.

Минтақаҳои фаъолият