19 feb 2021

Тренинг и мастер класс в Бободжон Гафуровском районе

Санаҳои 17- 18-уми феврали соли равон тренинг ва мастер класс дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров барои баҳрабарандагони лоиҳаи «Омузиш ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеаҳо- роҳ ба суи сулҳофарӣ ва субот» дар мавзуи «Тарзи дурусти аксбардорӣ/наворбардорӣ дар телефонҳои мобилӣ ва омода намудани видеороликҳо оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ» гузаронида шуд. Дар давоми ин чорабиниҳо чунин мавзӯъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: аксгузориш- қоидаи «сеяк» / «буриши тиллоӣ», нишон додани умқи акс, чорчӯбаҳо, хатҳо, таносуби рангҳо;  HDR чист ва барои чӣ лозим аст?; мантиқ дар як акс ва достони аксбардорӣ; сaption-video ва бартариятҳои он; намунаи наворҳои баду хуб; намудҳои дастгоҳҳои наворбардорӣ; чӣ гуна бояд наворбардорӣ кард?; «ибораи танзимӣ» чист?; афзоракҳо барои наворбардорӣ ва танзим (OpenCamera ва KineMaster) ва чӣ тавр бояд матн навишт?.
Инчунин, дар ҷараёни мастер класс иштирокчиён бевосита ба корҳои амалӣ машғул шуданд, яъне аз наворбардорӣ то навиштани матну танзими наворро омӯхтанд. Ҳадаф аз роҳандозии чорабинии мазкур, омӯзонидани тарзи дурусти наворбардорӣ ва танзими он тавассути телефонҳои мобилӣ ва таҳияи видеороликҳо дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ буд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ТЧ "АЗИТ" бо дастгирии Сафоратхонаи Амрико дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Other news

10 feb 2022

In the Vorukh, Chorkuh, Metari

Дар доираи лоиҳаи «Дастгирии Ҷомеа дар Тоҷикистон» дар деҳаи Ворух, Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва деҳаи Метари ноҳияи Спитамен

24 feb 2021

Основы фото/видео съемок на мобильные телефоны

Имруз, дар доираи лоихаи "Омузиш ва иштироки фаъолона дар хаёти чомеахо-рох ба суи сулхофари ва субот" тренинги омӯзиши дар мавзуи «Тарзи дурусти аксбардорӣ/наворбардорӣ дар телефонҳои мобилӣ ва омода намудани видеороликҳо оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ» дар ш. Истаравшан баргузор гардид.

Regions of Activity