19 фев 2021

Тренинг ва мастер класс дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров

Санаҳои 17- 18-уми феврали соли равон тренинг ва мастер класс дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров барои баҳрабарандагони лоиҳаи «Омузиш ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеаҳо- роҳ ба суи сулҳофарӣ ва субот» дар мавзуи «Тарзи дурусти аксбардорӣ/наворбардорӣ дар телефонҳои мобилӣ ва омода намудани видеороликҳо оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ» гузаронида шуд. Дар давоми ин чорабиниҳо чунин мавзӯъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: аксгузориш- қоидаи «сеяк» / «буриши тиллоӣ», нишон додани умқи акс, чорчӯбаҳо, хатҳо, таносуби рангҳо;  HDR чист ва барои чӣ лозим аст?; мантиқ дар як акс ва достони аксбардорӣ; сaption-video ва бартариятҳои он; намунаи наворҳои баду хуб; намудҳои дастгоҳҳои наворбардорӣ; чӣ гуна бояд наворбардорӣ кард?; «ибораи танзимӣ» чист?; афзоракҳо барои наворбардорӣ ва танзим (OpenCamera ва KineMaster) ва чӣ тавр бояд матн навишт?.
Инчунин, дар ҷараёни мастер класс иштирокчиён бевосита ба корҳои амалӣ машғул шуданд, яъне аз наворбардорӣ то навиштани матну танзими наворро омӯхтанд. Ҳадаф аз роҳандозии чорабинии мазкур, омӯзонидани тарзи дурусти наворбардорӣ ва танзими он тавассути телефонҳои мобилӣ ва таҳияи видеороликҳо дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ буд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ТЧ "АЗИТ" бо дастгирии Сафоратхонаи Амрико дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳабарҳои дигар

25 июл 2017

ПЕРВЫЙ КРУГЛЫЙ СТОЛ В Б. ГАФУРОВСКОМ РАЙОНЕ

Сегодня, 25 июля 2017 года в Б.Гафуровском районе прошел первый круглый стол «Основные направления совместной деятельности государственных и общественных организаций по реформе органов гражданской регистрации» с участием представителей ИОГВ района, сотрудников ЗАГС, представителей всех джамоатов Б.Гафуровского района.

2 фев 2022

Санаи 1 феврали соли чори дар нохияи Б. Гафуров

Санаи 1 феврали соли чори дар нохияи Б. Гафуров вохурии иттилооти бо иштироки кормандони милитсияи нохия ташкил карда шуд. Максади асосии вохурии ин баланд бардоштани маълумотноки ва хассосияти гендери доир ба масъалахои марбут ба зуроварии шахвони-гендери буд. Вохурии мазкур дар доираи ташаббуси “Нури Рушноӣ” аз тарафи ТЧ “АЗИТ” амалӣ карда шуд.

Минтақаҳои фаъолият