Бонувони қирғиз ҳунарҳои миллии тоҷиконро меомӯзанд

Имрӯз дар шаҳри Исфара ба 20 нафар ҷавонзанони деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон Лаккон ва Чонтала дарси омӯзишӣ оид ба зардӯзӣ ва мӯҳрабофӣ гузаронида шуд. Омӯзиши мазкур, бо ташаббуси гурӯҳи тамосии ҷавонони деҳаи Лаккони Исфара дар доираи ќисмати бизнес-чорабиниҳои лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи илмӣ-техникии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Мавҷуда Саидалиева, сокини шаҳри Исфара, ки собиқаи зиёда аз понздаҳсолаи зардӯзӣ дорад, мегӯяд:

-Дар партави дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ оид ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ, муаррифии фарҳанги тоҷикон ба кишварҳои ҳамсоя ва тақвияти дӯстӣ мо тасмим гирифтем, ки барои бонувони ҳарду кишвар дарси омӯзишии зардӯзиро ба роҳ монем. Бовар дорам, бо ҳамин восита занон натанҳо ҳунари аҷдодиамонро идома медиҳанд, балки барои пешбурди вазъи иқтисодии хонаводаашон низ мусоидат мекунанд.

Динара Деванаева аз дењаи Чонталаи Қирғизистон пешниҳод намуд, ки бигзор дар деҳаи Лаккони Исфара оид ба дигар намуди ҳунарҳои миллии тоҷикон низ чунин дарсҳо бо супоридани шаҳодатномаҳо доир гардид. То онҳо дар ин асос малака ва маҳорати андӯхтаи хешро ба ҳамдеҳагони худ омӯзонанд.

Нақши зардӯзии рӯйҷойи болишт самараи аввалини меҳнати ҳамҷояи бонувони тоҷику қирҳиз дар нимаи аввали рӯз гардида, дарси омӯзишии зардӯзӣ пагоҳ низ идома меёбад.

 

News

29
nov

Tolerance and its types

"Tolerance and its types", was the topic of the workshop organized in the Hostel #2, of Khujand city.

Regions of Activity