ҲАМКОРИИ БАЙНИСАРҲАДӢ БАРОИ МУСТАҲКАМИИ СУЛҲ ВА РУШД

“Ҳамсояи хуб – дӯсти беҳтарин”

 

19 январи 2017 сол                                                                                                                                  пресс - релиз

ҶАВОНОНИ ДЕҲОТ ЛОИҲАҲОИ МУШТАРАКИ ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДИРО

ТАТБИҚ МЕКУНАНД

 

Тоҷикистон. 19 январи соли ҷорӣ дар осоишгоҳи «Баҳористон» дар наздикии шаҳри Хуҷанд урдугоҳи байнисарҳадии панҷрӯза барои ҷавонон оғоз гардид, ки дар он тақрибан 50 нафар ҷавонони синну солашон аз 18 то 35 сола ширкат меварзанд. Иштирокчиёни урдугоҳи мазкур аз якчанд деҳаҳои наздисарҳадии ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар қад – қади сарҳади давлатии ин ду кишвар ҷойгир шудаанд.

Дар ин чорабинӣ, ки то 23 январ давом хоҳад кард, иштирокчиёни урдугоҳ бо мусоидати мушовирон инмкониятҳои ҳамкории иҷтимоию иқтисодии ҷавонони деҳаҳои наздисарҳадиро муҳокима мекунанд ва барои соли 2017 ҷиҳати рушди ин ҳамкорӣ нақшаҳои муштарак таҳия мекунанд. Инчунин барномаҳои маърифатӣ низ дар назар дошта шудаанд, ки барои беҳтар намудан ва тақвият бахшидан ба дӯстиву рафоқат байни ҷавонони деҳаҳои наздисарҳадӣ равона карда шудаанд.

Моҳи декабри соли 2016 чунин урдугоҳ дар шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон барпо гардида буд. Дар он зиёда аз 80 нафар ҷавонони деҳаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияи Боткени Қирғизистон 10 – то ҳамин гуна нақшаҳои муштарак таҳия намуданд, ки татбиқи амалии онҳо аз моҳи январи соли ҷорӣ оғоз мегардад. 

То охири соли 2017 дар ҳар ду давлатҳо баргузории ду чунин урдугоҳҳои байнисарҳадӣ дар назар аст. Ин имконият медиҳад, ки дар давоми сол тақрибан 1200 ҷавонони маҳаллӣ аз деҳаҳои байнисарҳадӣ ба чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки барои рушди ҳамкорӣ байни онҳо равона карда шудаанд, ҷалб гарданд. Диққати махсус барои ҷалби занон ба ин чорабиниҳо дода мешавад.

Мақсади чорабиниҳо – таҳким бахшидан ба дӯстиву рафоқат байни якчанд ҷомеаҳои наздисарҳадии вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Боткени Қирғизистон мебошад.

Чорабиниҳо таҳти шиори “Ҳамсояи хуб – дӯсти беҳтарин” баргузор мегарданд. Онҳо бо ташаббус ва дастгирии Барномаи рушди СММ Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ Қирғизистон дар доираи лоиҳаи “Таҳкими ҳамкорӣ байни ҷавонони ҷомеаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон” барпо мегарданд.

Урдугоҳҳоро ташкилотҳои зерин барпо мекунанд: Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ – техникии Тоҷикистон ва Фонд барои таҳаммулпазирии байналхалқӣ аз Қирғизистон дар доираи лоиҳаи “Ҳамкории байнисарҳадӣ барои таҳкими сулҳ ва рушди устувор”.

Маълумоти муфассалро аз менеҷерони лоиҳа метавон дастрас намуд: дар Қирғизистон – Анара Егиналиева, почтаи эл. eginalieva@mail.ru, телефон: +996 312 91 07 57 ва дар Тоҷикистон – Малика Боймурадова, почтаи эл. Asti.tajikistan@gmail.com, телефон: +992 92 780 64 24, инчунин дар дафтари Барномаи рушди СММ дар Қирғизистон ва Тоҷикистон.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият