Рӯзи байналхалқии таҳаммулпазирӣ

Санаи 17 ноябри соли 2014, дар деҳаи Хоҷаи Алои ҷамоати Чоркӯҳ, н. Исфара бахшида ба «Рӯзи байналхалқии таҳаммулпазирӣ» чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он тақрибан 120 нафар хонандагону омӯзгорони мактабҳои №24 ва №64 иштирок доштанд. Мақсади гузаронидани ин чорабинӣ, дар дили ҷавонон ҷой намудани меҳри сулҳдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстию рафоқат буд, ки ин барои пешгирӣ кардани низоъи байни ҷавонони ҳамсиннусоли тоҷику қирғиз мусоидат мекунад. Иштирокчиён барномаҳои бадеӣ тайёр карда, оиди таҳаммулпазирӣ шеърҳо хонданд, рақсу бозӣ карданд. Саҳначаҳо дар мавзӯи таҳммулпазирӣ нишон дода шуданд. Дар қисми дуюми чорабинӣ мусобиқаҳои рафиқонаи футбол байни писарбаччагон ва волейбол байни духтарони ҳар ду мактабҳо гузаронида шуданд. Мувофиқи ҷамъбасти ин чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд. Чорабинӣ аз тарафи кормандони ТВ Исфара ба навор гирифта шуда, дар барномаи хабар нишон дода шуд.  

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият