Боигонаи нақшаҳо

Лоиҳаи «PATENT»

Дар чаҳорчўбаи барномаи таҳия намудаи Комиссияи Европа (Еврокомиссия) «Зиёд кардани даромади шахсӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғди Тоҷикистон» лоиҳаи нав, «Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба воситаи омўзиш ва таҳсилоти касбӣ» таҳия гаштааст. Лоиҳа дар вилоятҳои Хатлон ва Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад ва мўҳлати иҷроиши он 24 моҳро ташкил медиҳад. Лоиҳа аз ҷониби ташкилотҳои Институти Ҳамкории Байналмиллалии Ассотсиатсияи Халқии Олмон (dvv intеrnational) ва Ассотсиатсияи Зиёиёни Илмӣ-Техникии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Мақсади асосии лоиҳа, паст кардани камбизоатӣ бо роҳи омўзонидан, ҷалби ҷамъият дар корҳои ҷамъиятӣ ва ба даст овардани даромад байни аҳолии вилояти Суғд ва Хатлон мебошад.

Гурўҳи Мусоидатгар

Гурӯҳи Мусоидатгар ба амалигардонӣ ва мониторинги Стратегияи Паст кардани камбизиотӣ 19 ташкилоти ҷамъиятиро дар бар мегирад, ки дар татбиқи барномаҳои рушд дар мамлакатҳои мухталиф таҷрибаи бисёрсола доранд.

Таҳсилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва бекорон дар Тоҷикистон

С Аз моҳи марти соли 2009 марҳилаи нави лоиҳаи «Таҳсилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва бекорон дар Тоҷикистон» оғоз ёфт. Ин лоиҳа аз соли 2003 якҷоя бо Намояндагии Институт оид ба Ҳамкории Байналхалқии Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои Халқии Олмон (dvv international) амалӣ гардонида мешавад.

Дастгирии фаъолияти соҳибкории хурд ва миёна

Лоиҳаи "Дастгирии Корхонаҳои Хурд ва Миёнаи оид ба коркарди маҳсулоти меваю сабзавот дар Тоҷикистон" Лоиҳаро Иттиҳоди Аврупо тавассути ташкилоти байналхалқии HILFSWERK AUSTRIA бо шарикии ТҶ «Ассотсиатсияи Зиёиёни Илмию Техникӣ» сармоягузорӣ мекунад. Мақсади лоиҳа – Мусоидатгар ба тақвияти таъсири мутақобилаи субъектҳои гуногуни агробизнес дар вилоятҳои Суғду Хатлон тавассути пешниҳод кардани бизнес идеяҳои нав, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ки ба дастгирии корхонаҳои хурду миёна нигаронида шудааст ва фаъол кардани сектори коркард ва бандубасти маҳсулоти хӯрока мебошад.

Лоиҳаи «Сохтани шабакаи ҷавонони сарвар»

Мақсади лоиҳа – баланд бардоштани дараҷаи иштироки ҷавонон дар ҳалли масъалаҳои мавҷудаи ҷамъият, дар ҷавонон баланд бардоштани ҳисси боваринокӣ ва мустақилият ба воситаи беҳтар намудани дастрасӣ ба маълумот ва ба даст овардани малакаи сарварӣ.

Маркази ҷавонон "Youth Power" дар Хуҷанд

Маркази ҷавонон "Youth Power" дар Хуҷанд Таъсиси маркази мазкур бо татбики ду лоиҳаҳо барои ҷавонон «Ташкили шабакаи сарварони ҷавон» ва «Ҳуқуқи инсон дар мактаб» имконпазир гардид. Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори ҷавонон дар ҳалли масъалаҳои ҷамъият чунин чорабиниҳо мунтазам гузаронида мешаванд: - тренингҳо - аксияҳо - барномаҳо барои ҷавонон

Лоиҳаи DIPECHO

Мақсадҳои асосии лоиха: беҳтар намудани қобилияти аҳолии маҳаллӣ оид ба тайёрӣ ба офатҳои табиӣ ва вокуниш ҳини ба миён омадани онҳо.

Лоиҳаи МАРКЕТ ПЛЮС

Расонидани хизматҳои хушсифати маркетингӣ барои васеъ кардани имкониятҳои соҳибкорон ва баланд бардоштани даромади онҳо барои рушди самарабахши бизнеси нав ё бизнеси мавҷуда дар Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ.

Барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ

Мақсади барнома мустаҳкам намудани нақши инситтутҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ (ИҶШ), ки барои беҳтар намудани сифати зиндагӣи аҳолии Тоҷикистон ҷалб карда шудааст, мебошад.

Рушди ташклотҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон ва ҳокимияти маҳаллии самаранок – роҳ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ

Аз 1 феврали 2014 сол ТҶ АЗИТ ва Фонди ташаббусҳои менеҷерии Лаҳистон татбиқи лоиҳаи «Рушди ташклотҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон ва ҳокимияти маҳаллии самаранок – роҳ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ» оғоз намуданд. Лоиҳа бо дастгирии молиявии Фонди муттафиқи Лаҳистон ва маблағгузории Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон амалӣ шуда истодааст.

Ҳабарҳо

1
сен

Проект: «Расширение возможностей и социализация родителей детей с синдромом Дауна в Таджикистане»

Проект: «Расширение возможностей и социализация родителей детей с синдромом Дауна в Таджикистане» Донор: Посольство США в Таджикистане Партнёр: инициатива «Назари дигар» Период реализации: Сентябрь 2019 по Февраль 2020 Географический охват: Худжанд, Бободжон Гафуровский район, Джаббор Расуловский район Цель проекта: Способствовать социализации и психологической интеграции родителей и детей с синдромом Дауна (СД).

1
май

Проект: «Женский ресурсный центр»

Проект: «Женский ресурсный центр» Донор: Офис ОБСЕ в городе Душанбе Период реализации: Май 2019 по настоящее время Цели проекта: • содействовать гендерному равенству в Республике Таджикистан • содействовать расширению экономических прав и возможностей женщин и девочек • отстаивать права женщин и обеспечивать доступность государственных услуг, а также расширять доступ и воздействие общинного образования и консультирования в области жилья, семейного права, занятости, имущественных и регистрационных прав касающихся женщин и их семей.

Минтақаҳои фаъолият