Ҷавонон низоми ислоҳоти САҲШ-ро вусъат мебахшанд

Актерони ҷавон барои вусъати низоми ислоҳоти САҲШ дар Тоҷикистон бо намоишнома ба гӯшаву канори ҷумҳурӣ сафари ҳунарӣ хоҳанд дошт.

Маҳз баъди тренинги омӯзишӣ оид ба асосҳои театр барои тренерон имконияти мазкур, ба  даҳ нафар ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ ба даст омад. Чорабинї аз 27 то 31 август дар доираи лоињаи "Дастгирии ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон" бо дастгирии Намояндагии Хазинаи нуфуси Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон бо роҳандозии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон доир гардид.

Рӯзи аввал: Театр чун воситаи пешниҳоди иттилоот

Дар лаҳзаи аввал, иштирокчиён оид ба тренинг, мақсад ва усулҳои баргузории он маълумот пайдо карданд. Пас аз ошноӣ бо фаъолияти ТҶ "Ҳамсол ба ҳамсол", аз таърихи пайдоиши театр, синфбандӣ ва истифодаи он чун воситаи мубодилаи иттилоот дар байни ҷавонон огоҳ гаштанд. Инчунин дар ин замина, барои самаранокии омӯзиш як қатор машқҳо барои иттифоқии аъзои гурӯҳҳо доир шуданд.

Рӯзи дуввум: Шиносоӣ бо персонажҳои намоишнома

Рӯзи дуввум чун ҳамеша аз таассурот аз рӯзи гузашта оғоз гардид.Иштирокчиён мавзӯҳои қаблан омӯхтаро муҳокима намуда, оид ба малакаҳои андӯхтаашон сухан ронданд. Сипас, машқҳо бо мақсади роҳнамоӣ ва муайян намудани малакаи актерӣ гузаронида шуда, дар раванди он ҷавонон озодона иброз намудани сухан ва ҳиссиётро аз худ карданд.

Тӯли рӯзи дуввум иштирокчиён вазифаҳоро сарбаландона иҷро намуда, дар поёни он нақшҳо ба ҳар нафар тақсим гардиданд.

3-4-5: Ба сафари ҳунарӣ омода мешавем!

Бо чунин хитоб иштировчиёни тренинг дар рӯзҳои боқимонда бо шавқу кӯшиши тамом машқҳоро оид ба нақшофарӣ иҷро намуданд. Раванди он тибқи сенария сурат гирифта, тренерон нақшҳоро бо назардошти маҳорати ҳар як иштирокчӣ муқаррар намуданд. Кор аз рӯи сенария имкон дод, то актерони ҷавон  ба нақшҳои худ ворид гашта, ҳиссиёти қаҳрамонро чун ормони худ қабул намоянд.

Дар рӯзи охири тренинг аз ҷониби ҷавонон саҳнача намоиш дода шуда, актерони ҷавон баъди сарбаландона офаридани нақшҳо бо тӯҳфаҳо ва шаҳодатнома қадрдонӣ гардиданд.    

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият