Сафари омӯзишӣ ба коргоҳи қолинбофии шаҳри Хуҷанд

10 майи соли равон барои иштирокчиёниГТҶ ва дигар сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва иштирокчиён аз Қирғизистон, ки мехостанд бо технологияи ҳунари қолинбофии дастӣаз наздик шинос шаванд, сафари омӯзишӣташкил карда шуд.

Иштирокчиёни сафари омӯзиширо кормандони ТҶ АЗИТ пешвоз гирифтанд ва сипас ба сӯи коргоҳи қолинбофии ҶСК “Зиннат” раҳсипор шуданд.

Дар мағозаи ҶСК “Зиннат” (КОИ “Шероз”), иштирокчиёнро самимона истиқбол намуданд. Муассиси ширкати ҶСК “Зиннат” – Зиёбоев Мақсуд Муродович дар бораи таърихи КОИ “Шероз” нақл кард. Тавре, ки Зиёбоев М. М. қайд намуд, Тоҷикистон ҳамаи захираҳо ва заминаи таърихии ҳунари қолинбофиро дорад, инчунин доимо аз ҷониби давлат ин самт дастгирӣ шуда истодааст. Иштирокчиён оиди фарқият байни услуби қолинбофии Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Қирғизистон маълумоти муфассал гирифтанд. Ба онҳо ҳамчунин фарқ байни намудҳои қолин, палос, мавод, ранг, пашмҳо, ки аз онҳо ин қолинҳо бофта мешаванд, фаҳмонда дода шуданд.

 

Дар анҷоми вохӯрӣ ҳамаи иштирокчиён аз ин мулоқоти шиносоӣ қаноатманд гардиданд ва ҳангоми сӯҳбат бо бархе аз онҳо маълум буд, ки онҳо дар оянда хоҳиши омӯхтани ин ҳунарро бо мақсади ба даст овардани даромади устувор барои оилаи худ доранд.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият