31 dec 2020

Ҷамъбасти озмун байни хонандагони мактабхо

Рузи гузашта дар доираи зерлоиха бахшида ба 75- солагии БРСММ чамъбасти озмун байни хонандагони мактабхои тахсилоти умумии гайридавлатии "Паймони азизон", "Гёте" ва Литсейи донишкадаи политехники доир гардид. Барои иштирок дар озмун хонандагон презентатсияхои пурмазмун, буклетхо ва расмхои зебо омода намуданд. Мавзуи корхои омодакардаи иштирокчиён оиди фаъолияти БРСММ буда, хар як хонанда маводи худро пешниход намуд. Аз баромади хонандагони мактабхо маълум гашт, ки онхо оиди БРСММ бархурдор хастанд ва маълумоти кофи доранд.
Дар анчоми чорабини барои хар як иштирокчи ифтихорнома аз номи ТЧ "АЗИТ" пешкаш гардид. Аз тарафи маблаггузори зерлоиха ба хар се мактабхо барои иштироки фаъолона тухфаи хотирави, тахтаи электрони дода шуд.
Чорабинии мазкур бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттахид бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттахид (БРСММ) дар Точикистон аз чониби ТЧ "АЗИТ" амали гардида шуд.

 

Other news

27 dec 2020

Вохурии иттилоотии навбати дар мактаби Донишгохи Полетехники

Хонандагони синфхои болоии муассиса оиди фаъолияти БРСММ ва максадхои он маълумоти пурра гирифтанд. Инчунин, дар рафти чорабини оиди хадафхои рушди устувор низ мухокима шуда гузашт, ки маълумотнокии иштирокчиёнро баланд гардонид.

Regions of Activity