11 окт 2003

Наҷот аз камбизоатӣ: ҷустуҷӯ ва дурнамо (соли 2003)

Оилаи камбизоат дар Тоҷикистон чи аҳвол дорад: оё он роҳи наҷотро аз ин ҳолат мебинад ё не; ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ба баланд бардоштани сифати ҳаёти оилаи камбизоат чӣ тавр мусоидат карда метавонад?

Чунин аст номгӯи нопурраи суолҳое, ки мо мехостем ба онҳо ҷавобу маслиҳат гирем. Чанд сол муқаддам мақсади таҳқиқоти мо муайян кардани Қонуниятмандии раванди қашшоқшавии оила ва ташаккули стратегияе гардид, ки ба суст кардани суръати қашшоқшавӣ равона карда шудааст.

Имрӯз, дар ҳисоботи пешниҳодшаванда мо натиҷаҳои хотимавии татбиқи амалии роҳҳои баромадан аз қашшоқиро пешкаш менамоем, ки онҳо асоси лоиҳаи сесолаи пилотии «Тағйироти сохтории вазъи қашшоқон»-ро ки АЗИТ татбиқ кардааст, ташкил мекунанд. Дар ин ҳисобот шумо метавонед бо барномаҳои инкишофи АЗИТ, натиҷаҳои таъсири онҳо ба нармшавии вазъи камбизоатон, тағйироти дар вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва мақоми психологии камбизоатон дар се соли амалигардонии лоиҳа ба вуқӯъ пайваста шинос шавед.

Таҳлили фаъолияти ташкилот имкон дод, ки сабабҳои нисбат ба қарзи пулӣ бештар мавриди дархост будани қарзи молӣ, камфаъолиятии 1/5 қисми гурӯҳи мақсаднок, талаботи зиёд ба барномаи тренингӣ, зарурати тағйири тавҷеҳ аз таъминоти техникӣ ба рушди одамон дар барномаи иҷтимоӣ ва барномаи дастгирии сокинони қашшоқи деҳот муқаррар карда шаванд. Он нишон дод, ки масъаларо ҳамзамон ҳам ба макросатҳ ва ҳам ба микросатҳ таъсир расонида ҳал кардан лозим аст. Дар макросатҳ ба ҳаёт татбиқ намудани барномаи пешбурди манфиатҳои камбизоатон ва ҳифзи ҳуқуқи қашшоқон, дар макросатҳ бошад – амалигардонии барномаҳои тренингӣ, микромолиявӣ ва барномаи дастгирии ташаббусҳои ҷомеа ва инкишофи деҳот пешбинӣ шудаанд.

Ҳабарҳои дигар

1 июн 2016

Проект «Взаимодействие милиции с общественностью»

Начиная с июня 2016 года ОО АНТИ в партнерстве с международной организацией Saferworld реализует проект «Взаимодействие милиции с общественностью». Данный проект реализуется в г.Душанбе, РРП и 5-ти районах Согдийской области РТ.

19 мар 2018

Повышение потенциала РРС продолжается

Со всех джамоатов района Айни съезжаются РРС (реабилитационные работники сообщества) в центр района на очередные тренинги в рамках проекта «Поддержка гражданского общества в применении реабилитации на уровне общин для...

Минтақаҳои фаъолият