29 ноя 2010

Имконияти маълумоти касбии калонсолон дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ

26 ноябри соли 2010 дар доираи лоиҳаи «Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон тавассути маориф ва таълими ғайрирасмӣ» дар маҷлисгоҳи Гранд ҳотали «Азия»-и ш. Душанбе конфоронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Имкониятҳои маълумоти касбии калонсолон дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ» шуда гузашт.

 Конфаронсро Институт оид ба Ҳамкории Байналхалқии Ассотсиатсияи Маорифи Калонсолони Олмон (dvv-international) ва ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмию техникии Тоҷикистон» гузаронданд.

Дар конфаронс намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, вазоратҳою идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарафҳои манфиатдори лоиҳа иштирок карданд.

Дар рафти конфаронс натиҷаҳои лоиҳа ба ашхоси манфиатдори калидӣ ва ҷомеаҳо, донорҳо ва ВАО пешниҳод гардиданд. Намояндагони ОКТ-и пилотӣ, ҷамоатҳою корфармоён дар бораи таҷриба, мушкилиҳо, сабақҳои аз лоиҳа бардоштаашон мавод омода сохтанд. Натиҷаҳои озмуни «Идеяи беҳтарини ман барои бизнес» ҷамъбаст гардид.

Ҳамчунин байни иштироккунандагони конфаронс дастури амалҳои методии дар доираи лоиҳа таҳия гардида тақсим карда шуданд:

- Назария ва амалияи маорифи калонсолон ва идоракунии муассисаҳои маорифии маълумоти ибтидоии касбӣ;

- Вижагиҳои шаклҳои ташкилии таълим дар муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбӣ ва истифодаи усулҳои интерактивӣ

Барои истифодаи самарабахши вақт иштирокунандагони конфронс ба ҷаласаҳои секторӣ дар сексияҳои зерин тақсим гардиданд:

- Баланд бардоштани самарабахшию дастрасии системаи миллии маорифи касбӣ ва бозтайёрӣ

- Худмуайянкунии касбии бекор чун усули баланд бардоштани рақобатпазирии ӯ дар бозори меҳнат;

- Имкониятҳои рушди маорифи калонсолон дар доираи маълумоти ибтидоии касбӣ дар Тоҷикистон.

Мавод оид ба истифодаи таҷрибаи лоиҳа дар дигар минтақаҳои мамлакат ба Вазорати маориф супурда мешавад.

Конфаронс ба забонҳои тоҷикию русӣ гузаронида шуд.

Ҳабарҳои дигар

6 июн 2017

Чоркух

Сегодня в селе Сомониен джамоата Чоркух г. Исфары прошла плановая встреча сотрудников проекта с членами контактной группы молодежи. Присутствующих было 12 человек, и обсуждалось проведение 2- х мероприятий

14 окт 2022

Таҳаммулпазирӣ. Намудҳои таҳаммулпазирӣ

12 октябри соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ҷамоати Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров семинар дар мавзӯи «Таҳаммулпазирӣ. Намудҳои таҳаммулпазирӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонони ҷамоат оиди мавзӯъ ташкил карда шуд. Иштирокчиён ҳангоми омӯзиш бо мафҳуми таҳаммулпазирӣ ва намудҳои таҳаммулпазириро шинос шуданд, масъалаҳои марбут ба зӯроварӣ дар оила ва оқибатҳои зӯроварӣ дар оила низ мавриди баррасӣ карданд. Дар рафти семинар усулҳои интерактивӣ, ба монанди кори гуруҳӣ ва ҳуҷуми зеҳнӣ истифода бурда шуданд. Иштирокчиён дар рафти семинар фаъолона иштирок карда, қайд намуданд, ки омӯзиш манфиатнок буд. Чорабинии мазкур аз ҷониби ТҶ “АЗИТ” бо дастгирии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор мешавад.

Минтақаҳои фаъолият