Ташкили Гурӯҳҳои Тамосии Ҷавонон

Дар ҷомеаҳои мақсадноки ноҳияи Б. Ғафуров ва ш. Исфара барои гузаронидани арзёбии эҳтиёҷот ва шавқу рағбати ҷавонон 6 фокус – гурӯҳҳо гузаронида шуданд. Иштирокчиёни ин фокус – гурӯҳҳо ҷавонони синнашон аз  18 то 30 сола гардиданд. Дар оғози фокус – гурӯҳҳо иштирокчиён оиди мақсад ва вазифаҳои лоиҳа, фаъолиятҳое, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳа ба нақша гирифта шудаанд, маълумот гирифтанд. Дар натиҷаи фокус – гурӯҳҳои гузаронидашуда ва бо тавсияи кумитаҳои маҳаллаҳо Гурӯҳҳои Тамосии Ҷавонон (ГТҶ) ташкил карда шуданд, ки онҳо “ячейка” – е мегарданд, ки тавассути онҳо чорабиниҳои лоиҳа барпо карда мешаванд ва эҳтиёҷоту шавқу рағбати  ҷавонони деҳаҳои мақсаднок расида мешаванд.

Ба ҳайъати ГТҶ соҳибкорони ҷавон, омӯзгорон, ҷавонони ташаббускор, намояндагони мақомотҳои маҳаллӣ, донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатии синну солашон аз 18 то 30 сола шомил ҳастанд. Вобаста ба шавқи зоҳиргардида дар иштироки кори ГТҶ аз ҷониби ҷавонони синну солашон аз 30 зиёд, маҳдудияти синну солии иштирокчиён то 35 сола зиёд карда шуд.

Алҳол ба ҳайъати 8 гурӯҳҳои тамосии ҷавонон 89 ҷавонон шомил ҳастанд, ки 28 нафари онҳоро духтарон ва занон ташкил медиҳанд.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият