Сафарҳо оиди мубодилаи таҷриба байни намояндагони бахши иҷтимоии вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон

Дар доираи лоиҳаи “Сулҳ ва ҳамкорӣ бо мо оғоз меёбад” 29 – 30 ноябри 2016 сол ТҶ АЗИТ дар ҳамкорӣ бо Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо дастгирии молиявии ташкилоти байналхалқии ЮНИСЕФ чорабинии байнисарҳадӣ оиди мубодилаи таҷриба байни намояндагони бахши иҷтимоии вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Баткени ҶумҳурииҚирғизистон баргузор гардид.

Мақсади чорабинӣ – таҳкими робитаҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстона байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ ва беҳтар намудани ҳамкорӣ байни мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоии вилояти Боткени Ҷуҳурии Қирғизистон ва вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Чорабинии мазкур имконият дод, ки худи система ва усулҳои муосири расонидани кӯмаки тиббӣ ба табақаи осебпазири аҳолиро аз назар гузаронем, хусусан ба занони ҷавон, кӯдакон ва наврасон дар ҶҚ ва ҶТ; мубодилаи таҷриба ва мубодилаи намунаи нигоҳубини антенаталиро намудем, ба Нуқтаи Кӯмаки аввали тиббию санитарӣ (КАТС) ташриф овардем, ки дар асоси онҳо хадамоти Хизматрасониҳои Дӯстонаи Ҷавонон (ХДҶ) таъсис ёфтаанд ва амал мекунанд. Ҳамчунин бо кори Маркази вилоятии саломатии репродуктивӣ ва таваллудхонаи вилояти Суғд ошно гардиданд.

Ғайр аз ин, дар чорабинӣ ба иштирокчиён натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Сулҳ аз мо оғоз меёбад” пекаш гадиданд, алалхусус масъалаҳои иштироки ҷавонон ҳангоми қабули қарорҳое, ки ба ҳаёт, таҳсили наврасон ва малакаҳои таҳаммулпазирӣ ва фикрронии танқидӣ мутааллиқанд, дида баромада шуданд. Иштирокчиёни чорабинӣ бо пешвоёни ҷомеаҳои маҳаллӣ, волидон, ва омӯзгорони мактабҳо, ки дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ зиндагӣ мекунанд вохӯрданд. Дар рафти мулоқот онҳо масъалаи солим гардонидани саломатии равонӣ, аз ҷумла расонидани кӯмаки равониро муҳокима намуданд.

Инчунин иштирокчиёни мизи мудаввар имконият доштанд, ки ба осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ташриф оранд ва бо ҷойҳои тамошобоби шаҳр шинос шаванд.

 

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият