27 янв 2015

Умед: Клубе, ки говро намехоҳад

Умед: Клубе, ки говро намехоҳад

Клуб «Умед» бисёри вақт истисно мебошад. Аввалан, занҳои ин Клуб тоҷик нестанд, авлоди онҳо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба инҷо омадаанд. Дуюмин, онҳо дар назди худ мақсади муайянро гузоштаанд: ҳар яки онҳо мехоҳанд, ки гармхонаи худро дошта бошанд ва қисми асосии фаъолияти Клуб маҳз бо гармхона алоқаманд аст.

Соли гузашта, занҳо масолеҳи сохтмонӣ барои сохтани гармхона хариданд. «Ба шарофати ин дараҷаи ҳаёти мо ба қадри имкон баланд шуд» - бо хушнудӣ мегӯяд сарвари Клуб, Қурбонгул Мирзораҳимова. Даромади холис аз шинонидан ва парвариш кардан 1500 сомонӣ мебошад. Ба шарофати ин фоида онҳо тавонистанд, боз 2 гармхона барои аъзоёни Клуб сохтанд. Имсол ба маблащи лоиҳаи мо онҳо боз 2 гармхона сохтанд. Анакнун Клуб 6 адад гармхона дорад! Ниҳолҳои аз тарафи занҳо тайёркарда ба гармхонаҳо тақсим карда мешаванд.

Сарвари Клуб Қурбонгул Мирзораҳимова пур аз қувва мебошад. Ӯ моро ба замини пахта мебарад, ба мо пахтачиниро нишон медиҳад - ӯ ба осонӣ аз ӯҳдаи ин кор мебарояд ва мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ӯ дар як рӯз то 100 кг пахта чинда метавонад. Тоҷикистон – яке аз давлатҳои охирин, ки пахтаро дастакӣ мечинад. Имсол Клуб аз лоиҳа чӣ фоида дидааст? Аввалан, вохӯрӣ бо намояндагони Клуби занҳои вилояти Сущд. Мушовирон ба онҳо кор бо фондро фаҳмониданд, масалан, чӣ тавр ба аъзоён қарзҳои хурд пешниҳод намуданро. Инчунин онҳо маслиҳат доданд, ки бо як фаъолият маҳдуд нашаванд, балки дар дигар самт низ кор баранд. Мисол, либос дӯхтан, оро додани либос, ки имрӯз баланд баҳогузорӣ карда мешавад, асосан дар байни духтарони арӯсшаванда, ки барояшон ҷиҳоз тайёр мекунанд.

Мушовирон ба занҳо тарзи ҳуҷҷатбарии занони Сущдро нишон доданд, аммо дар ин бора Қурбонгул фикри шахсии худро дорад: «Ман ҳуҷҷатро ба таври худ мебарам, на ба таври онҳо. Дар ҳуҷҷати мо суратҷаласаҳои маҷлисҳо, қарори Клуб нигоҳ дошта мешаванд; ҳар як аъзои Клуб папкаи аризаҳои аъзогӣ ва суратҳоро нигоҳ медоранд. Ҳафт нафар занон дар гармхона кор мекунанд, се нафар бо дӯзандагӣ машщул ҳастанд. Имсол 3 нафар аз занон дар курси даҳрӯза иштирок карда, баъд аз он барои 5 нафар занон курс ташкил карданд. Давлатмочо Абдукаримзода, ки дар курси 10 рӯза иштирок карда буд, дар тӯли 1 моҳ 10 нафарро омӯзонид. «Духтарони синфҳои боло ва духтароне, ки мактабро хатм кардаанд, аз 8 август то авали моҳи сентябр ҳаррӯз меомаданд ва манн ҳаракат мекардам, то ба онҳо чизе, ки худам метавонам, омӯзонам» - мегӯяд Давлатмочо. «Духтарон мошини дардӯзии худро бо худ меоварданд. Ҳар як нафари онҳо дар як моҳ 60 сомонӣ месупоранд – 20 сомонӣ ба фонди Клуб мераваду, 40 сомонӣ ба Давлатмочо. Омӯзиш аз сабаби ощози фасли заминдорӣ – щунучини пахта боз дошта шуд.

Ба нисфи маблаще, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи имсола ҷамъ карда буд, Клуб мошини дарздӯзии Super Yamata харид. Ба қисми боқимондаи маблащ масолеҳи сохтмони гармхона харид. Мо аз онҳо пурсидем, чаро онҳо гов хариданд намехоҳанд? Қурбонгул, сарвари Клуб хандакунон мегӯяд: «Мо говро намехоҳем! То таваллуд кардани гов, тақрибан 1 сол мегузарад, то 1 сол аз гов ягон фоидае нест. Манн бисёр тоқат карда наметавонам, мӯҳлати дароз дар як ҷой нишаста наметавонам. Барои ҳамин харидани гов фоидае надорад – бемор шуданаш ҳам мумкин. Мо гармхонаро авлотар медонем».

Наталя Кертичак

Лоихаи  мазкур дар чахорчубаи  барномаи  Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд  маблаггузори  шудааст

Ҳабарҳои дигар

25 фев 2021

Рузи дуюми омузиш...

Чорабинии мазкур дар доираи барномаи "Пешсаф" бо дастгирии Хазинаи кудакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Точикистон аз чониби ТЧ "АЗИТ" амали гардид.

5 апр 2017

Намоиши расмҳои дар Сурх

Дар чаҳорчўбаи лоиҳаи “Сулҳ ва ҳамкорӣ бо мо оғоз меёбад” 5-уми апрели 2017 сол намоишгоҳи навбатӣ дар мактаби №29 ҷамоати Сурх баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият