16 сен 2022

Барномаи “Пешсаф” дар Озмоишгоҳи Инноватсионии ноҳияи Ашт

Шумораи наврасони фаъол дар Тоҷикистон бисёр буда, онҳо метавонанд як нерӯи бузург барои тағироти мусбии иҷтимоӣ бошанд. Онҳо бо забони возеҳ сухан мегӯянд ва вақте ба онҳо имконият дода мешавад, онҳо метавонанд ҷонибдорони қавии назари худ оид ба масоили мухталиф бошанд.
Тренинги Пешсаф ин барномаи 4 рӯза мебошад. Омӯзиш дар озмоишгоҳҳо ба наврасон имкон медиҳад, ки оид ба рушди фардӣ, дониш, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, мушкилиҳои ҷомеае, ки дар он умр ба сар мебаранд, муайян намоянд ва дар тарҳрезии нақшаҳои ояндааш аз воситаҳои ҷадид истифода баранд.
Ҳадафи асосӣ ин бо роҳҳои гуногуни фаъол ташаккул додани малакаи наврасон бо мақсади бартараф намудани монеъаҳое мебошад,ки метавонанд бо онҳо рӯ ба рӯ шаванд. Ҳадафҳо аз чаҳор қисмати муҳим: дарку фаҳмиш, тарҳрезӣ, ихтироъ ва санҷиш, такмил ва муаррифӣ  иборат буда, наврасонро ҳангоми машғулият дастгирӣ менамоянд. Ба наврас новобаста аз тафаккури ақлонӣ, ҷисмонӣ, молиявӣ ва мавқеъашон дар ҷомеа тарғиб карда мешавад, ки ба арзишҳои маънавӣ, ҷамъиятии озмоишгоҳ арҷгузорӣ намоянд. Моҳи июли соли ҷорӣ тренинги Пешсаф дар Озмоишгоҳи Инноватсионии ноҳияи Ашт бо ҷалби 32 нафар гузаронида шуд. Ҳар гурӯҳ бо сохтани проекти худ машғул аст. Яъне, дар ин лоиҳа  аврасон пас аз интихоб намудани мушкилоте, ки онҳо барои ҳалли он кӯшиш мекунад, дар ҳайати гурӯҳ барои бартараф намудани мушкилот фаъолона иштирок намуда, ин ҷараёнро роҳбарӣ кунанд. Бо оғоз намудан аз лоиҳаҳои хурд онҳо мушкилоти ҷомеае, ки дар он умр ба сар мебаранд, муайян месозанд ва барои ҳалли онҳо бо дарёфти роҳҳо ва амалҳокушиш мекунанд. Сипас онҳо якҷоя бо рохбалад барои ҳалли мушкилот кор мекунанд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «АЗИТ» дар доираи лоиҳаи «Маҳоратҳои асри 21 барои гузариш ба ҳаёти мустақилона», бо дастгирии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳабарҳои дигар

2 дек 2018

Иншои беҳтарин дар мавзӯи «Сирри оилаи хушбахт дар чист?» ва «Мо зидди зӯроварии хонаводагӣ!» муайян гардид

Дар доираи лоиҳаи «Оила бе зӯроварӣ» бо дастгирии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ва барои дастгирии аксияи глобалии «16 рӯзи зидди зӯроварӣ нисбати занон», ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илимӣ-техникии ....

4 мар 2018

Учебная поездка в Литву

C 22-го февраля по 3-ее марта текущего года была организована учебная поездка по обмену опытом в Литву 10 членов общественных советов по обеспечению общественного порядка целевых районов проекта

Минтақаҳои фаъолият