20 июн 2011

Пешгирии радикализм

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм», ки аз моҳи декабри соли 2010 инҷониб амалӣ карда мешавад, ТҶ АЗИТ дар якҷоягӣ бо ташкилоти байналхалқии «International Alert» таҳти унвони «Пешгирии радикализм» санаҳои 13 июн дар н. Б. Ғафуров ва 17 июн дар н. Ашти вилояти Суғд лагери якрӯза барпо намуданд.

Мақсади лагери якрӯза: ҷалби ҷавонон барои мубориза ва пешгирӣ намудани радикализм, коркарди консепсия аз ҷониби гурӯҳи ҷавонон, инчунин коркарди усулҳои мубориза бар зидди радикализм. Иштирокчиёни вохӯрӣ намояндагони мақомоти маҳаллӣ, пешвоёни ҷомеаҳо, пешвоёни динӣ ва бевосита гурӯҳҳои ҷавонони се ҷамоатҳои мақсаднок буданд. 

Дар нимаи аввали рӯз маҷлис гузаронида шуд, ки дар он намояндагони мақомоти маҳаллӣ, намояндагони кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳи ноҳияҳои мақсаднок, намояндаи ташкилоти байналхалқии «International Alert» ва намояндагони ТҶ АЗИТ баромад намуданд. Сипас иштирокчиён вобаста ба ҷамоатҳо ба гурӯҳҳо тақсим карда шуданд ва ба онҳо супориш дода шуд, ки барнома коркард кунанд, ки дар он масъалаҳо ва консепсияи пешгирӣ ва мубориза бар зидди радикализм  дида баромада шаванд. Сипас барномаҳои коркардшудаи гурӯҳҳо муаррифӣ карда шуданд.

Барои мустаҳкам намудани мавзӯи семинарҳои қаблина дар мавзӯъҳои  «Ҳуқуқи башар, ҳуқуқҳои динӣ ва дунявӣ» ва «Плюрализм дар динҳои миллӣ ва дунявӣ» озмун гузаронида шуд. Иштирокчиёни фаъолтарин бо тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд.

Инчунин дар барномаи лагер чорабиниҳои варзишӣ ба монанди футбол, волейбол, шашка ва армрестлинг буданд.   

Дар натиҷа ба ғолибони чорабиниҳои варзишӣ тӯҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуданд.

Дар охири рӯзҷамъомади ҷамъбастӣ гузаронида шуд, ки дар он иштирокчиёни лагер ба ташкилкунандагони лагери якрӯза миннатдории худро баён намуданд ва умед карданд, ки чунин чорабинӣ боз дар оянда ташкил карда мешавад.

Ҳабарҳои дигар

28 ноя 2018

Тренинг барои занони пешсафи шимоли Тоҷикистон ва Қирғизистон

ТҶ “Ассостсатсияи зиёиёни илмӣ – техникии Тоҷикистон” барои дастгирии маъракаи байналмилалии “16 рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон #Хомӯш набош: Ба зӯроварӣ нисбати занон хотима деҳ” дар доираи лоиҳаи “Ҳамкории байналмилалӣ барои сулҳ ва бехатарии устувор”, бо маблағгузории СММ Занон Қирғизистон аз 28 то 30 ноябри 2018 сол дар осоишгоҳи Баҳористони шаҳри гулистон барои занони пешсафи шимоли Тоҷикистон ва Қирғизистон тренинг барпо кард.

Минтақаҳои фаъолият