18 мар 2011

Вохўрии нохиявӣ оиди коркарди барномаҳо барои ҷавонон дар ноҳияи Ашт

Дар чаҳорчўбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза дар зидди радикализм (MYPAR)», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, вохўрии ноҳиявӣ оиди коркарди барнома барои ҷавонон дар ноҳияи Ашт гузаронида шуд.

Мақсади вохўрӣ:

  • коркарди барнома барои ҷавонон, бо назардошти сохтори мушаххаси иҷтимоӣ, маданияти маҳаллӣ ва назарҳои динӣ барои ҷамоатҳои мақсадноки ноҳияи Ашт (Қамишқўрғон, Шайдон ва Понғоз).

Дар вохўрӣ баромад карданд:

  • намояндагони кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳиии ноҳияи Ашт,
  • намояндагони мақомоти маҳаллӣ,
  • пешвоёни динӣ ва маҳаллӣ,
  • сарварони мактабҳои ҷамоатҳои мақсаднок,
  • намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ,
  • намояндагони ВАО,

ТВ СМ-1 ва рўзномаи «Ҳақиқати Суғд».

Бо сухани ифтитоҳӣ ҳамоҳангсози лоиҳа Тўраев Ҷ. баромад намуд. Ў ҳамаи иштирокчиёнро бо баромад сипосгузорӣ намуда, мухтасар бо мақсади лоиҳа шинос намуд.

Дар рафти вохўрӣ Раҳмонов Т. – мутахассиси лоиҳа, фаъолияти лоиҳаро презентатсия кард. + қайд кард, ки лоиҳа барои пешгирии паҳншавии радикализм байни ҷавонон дар се ҷамоатҳои мақсадноки ноҳияи Ашт равона карда шудааст.

Баъдан ҳамоҳангсози лоиҳа Тўраев Ҷ. қайд кард, ки дар чаҳорчўбаи лоиҳа вохўрии вилоятӣ гузаронида шуда буд, ки дар он самтҳои ассосии барномаҳо барои ҷавонон муайян карда шуданд:

  • баланд бардоштани сатҳи дониш оиди ҳуқуқ
  • баланд бардоштани сатҳи дониш оиди ҳуқуқ (ҳуқуқи динӣ)
  • пешниҳодоти маълумоти кофӣ дар бораи динҳои мавҷуда.

Дар асоси самтҳои пешниҳодшуда, дар чаҳорчўбаи лоиҳа, чорабиниҳои мувофиқ гузаронида мешаванд, инчунин барномаҳо барои ҷавонони ҳар як ҷамоати мақсаднок.

Баъд аз ин ҳамаи иштирокчиён ба се гурўҳ тақсим шуданд:

  • Қамишқўрғон,
  • Шайдон
  • Понғоз

ва ба коркарди муфассали барномаҳо барои ҷавонон шурўъ карданд.

Баромадкунандаи барномаҳо барои ҷавонон аз гурўҳи Шайдон сарвари мактаби № 2 ба номи Ленин Қодиров М. буд. Дар баромади худ ў қайд намуд, ки аз тарафи онҳо барномаи чорабиниҳо барои ҷавонони ҷамоати Шайдон коркард шуда буд.

Инчунин Қодирова М. дар баромади худ кайд намуд, ки ноҳияи Ашт дар фазои холии иттилоотӣ ҷойгир шудааст. Набудани шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ ва таъминоти нокифоя бо рўзномаҳо дар ноҳия, дастрасии иттилооти саривақта ва саҳеҳ мушкил мегардад. Вобаста ба суханони да боло зикршуда, Қодирова М. пешниҳод намуд, ки фаъолияти лоиҳа дар рўзномаи маҳаллии "Шўҳрати Ашт"дарҷ гардад ва ба воситаи ВАО бо ҷавонон корҳои шиносоӣ, аз он ҷумла, хабардоркунӣ дар бораи қонунҳо, ҳуқуқҳо ва ўҳдадориҳои аҳолӣ гузаронида шавад.

Баъдан презетатсияҳои намояндагони ҷамоати Понғоз ва Қамишқўрғон гузаронида шуд, ки дар он инчунин онҳо презентатсияи барномаҳо барои ҷавонони барои ҷамоатҳои худ коркардшударо гузарониданд.

Вохўрии мазкур ба дараҷаи олӣ гузаронида шуд, ки дар он усулҳои зерин истифода шуданд:

  • интерактив
  • ҳуҷуми ақлӣ
  • кор дар гурўҳҳои хурд.

Пешниҳодоти рафти маҷлисро ба инобат гирифта, вохўрӣ ҷамъбаст карда шуд.

Ҳабарҳои дигар

13 янв 2016

Вохӯрй намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳияи Исфара бо ҷавонони ҷамоати Хонобод ва Нефтобод

Мувофиқи нақшаи кории моҳи январ, 13 январи соли 2016, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад, ки аз тарафи фонди UNICEF маблағгузорӣ карда шуда истодааст, вохӯрии намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ бо ҷавонон дар ноҳияи Исфара гузаронида шуд.

15 ноя 2010

Встреча с молодёжью села Ходжаи Аъло в школе №24

12 ноября состоялась ещё встреча с молодёжью села Ходжаи Аъло в школе №24. В результате встречи по безопасности сотрудники проекта хотели удостовериться, что молодёжь полностью понимает процесс безопасности сообществ.

Минтақаҳои фаъолият