29 дек 2010

Лоиҳаи «Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба воситаи омўзиш ва таҳсилоти касбӣ»

Дар чаҳорчўбаи барномаи таҳия намудаи Комиссияи Европа (Еврокомиссия) «Зиёд кардани даромади шахсӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғди Тоҷикистон» лоиҳаи нав, «Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоxикистон ба воситаи омўзиш ва таҳсилоти касбӣ» таҳия гаштааст.

Лоиҳа дар вилоятҳои Хатлон ва Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад ва мўҳлати иҷроиши он 24 моҳро ташкил медиҳад. Лоиҳа аз ҷониби ташкилотҳои Институти Ҳамкории Байналмиллалии Ассотсиатсияи Университетҳои Халқии Олмон (dvv intеrnational) ва Ассотсиатсияи Зиёиёни Илмӣ-Техникии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Ин лоиҳа бо кўмаки молиявии Иттиҳоди Европа бо ҳамкории Вазорати Федералии иқтисодӣ ва рушди Олмон дастгирӣ карда мешавад.

Лоиҳа бо ҳамкории Вазорати маориф, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин ҳокимиятҳои маҳаллӣ, шуғли аҳолӣ, кордиҳандагон ва бо ҳамкории дигар сохторҳои иҷтимоии ҷамъият ба роҳ монда мешавад.

Мақсади асосии лоиҳа, паст кардани камбизоатӣ бо роҳи омўзонидан, ҷалби ҷамъият дар корҳои ҷамъиятӣ ва ба даст овардани даромад байни аҳолии вилояти Суғд ва Хатлон мебошад мебошад.

Вазифаи лоиҳа, истифодаи васеи имконияти шуғли аҳолӣ барои аҳолии бешуғли камбизоат бо роҳи омўзонидани ин табақаи аҳолӣ дар омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, ки барои соҳиби касбҳои гуногун, ки дар бозори меҳнати дохилӣ серталаб аст, ба роҳ мондан аст.

Барои ба даст овардани мақсад чунин чорабиниҳо амалӣ мегардад:

1. Чорабиниҳое, ки бевосита барои табақаи аҳолии бешуғл, беихтисос равона карда шудааст: тайёр кардан ва ташкили курсҳои бозомўзии кўтоҳмуддат барои калонсолон, аз ҷумла бекорон, оилаи онҳо, ки дар бозори меҳнати дохилӣ ва беруна серталаб аст, ҳамчунин, муҷаҳҳаз кардани заминаи моддӣ-техникии 10 омўзишгоҳҳои касбӣ-техникии вилоятамон бо таҷҳизотҳо ва маводҳои таълимӣ.

2. Чорабиниҳое, ки баҳри саҳмгузорӣ оиди мустаҳкамкунии сохти ОКТ дар якҷоягӣ равона ва пешбинӣ шудааст: курсҳои омўзишӣ барои ҳайати маъмурӣ ва педагогии 10 ОКТ, тайёр кардани китобҳои таълимӣ бо истифодабарии методҳои нав ва идоракунии ОКТ.

3. Чорабиниҳо оид ба ташкили сохти хизмати маслиҳатдиҳӣ барои аҳолии минтақа: таълими банақшагирии кори тиҷоратӣ ва омўзиш, хабардор кардани мактаббачагон оиди таҳсилоти касбӣ.

4. Чорабиниҳое, ки оиди баланд бардоштани обрўи ОКТ дар ҷомеа: Тарғибу ташвиқот доири ҷалб кардани аҳолӣ барои таҳсил кардан дар ОКТ ва чорабиниҳои маданӣ.

Дар ниҳояти иҷроиши лоиҳа 2000 нафар табақаи камбизоати аҳолии вилоятҳои Суғд ва Хатлон бо роҳи ба даст овардани таҷрибаи касбӣ аз ин кор баҳравар мешаванд, 10 ОКТ интихобкардашуда ташкили курсҳои бозомўзии кўтоҳмуддат барои калонсолон, аз ҷумла бекорон, оилаи онҳо, ки дар бозори меҳнати дохилӣ ва беруна серталаб аст, мустақилона ба роҳ мемонанд, сохти мустаҳками алоқаи ҳамкории байни ОКТ, ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва марказӣ, ҳамкории иҷтимоӣ ба роҳ монда мешавад.

Ниҳоят, имконияти таҳсилоти калонсолон ва таҳсилоти касбӣ аз тарафи аҳолӣ дарк ва васеъ истифода карда мешавад

Ҳабарҳои дигар

13 июн 2017

Предпринимательство- жизненно важная перспектива современной молодежи

В ходе мониторинга были выбраны 30 заявок для участия в конкурсной комиссии. По условиям конкурса как минимум 8 наиболее устойчивые и доходоприносящие бизнес идей будут финансированы со стороны ПРООН.

Минтақаҳои фаъолият