АЗИТ иқтидори ҷавононро вусъат мебахшад

Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон (АЗИТ) 80 нафар аъзои гурӯҳи тамосии ҷавонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфараро  санаи 26 сентябри соли равон дар лагери маърифатӣ ҷамъ меорад.

Чорабинӣ дар Маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияи наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур, бо маблағгузории Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Дар лагер ҷавонони синни аз 18 то 35 сола ширкат намуда, тӯли се рӯз  оид ба  "Медиатсия", "Нақши гурӯҳи тамосӣ дар ҷомеа"  ва "Тафаккури интиқодӣ" дарс меомӯзанд. Мавзӯъҳои тренинг, бо назардошти пешниҳоди гурӯҳҳои мақсаднок муқаррар гаштааст.

 "Медиатсия": дар ин қисмат иштирокчиёни лагер бо нақши медиатор ва саҳми ӯ дар ҷомеа шинос гардида, малакаву маҳорати баргузории музокира ва муколамаро ба даст меоранд.

"Тафаккури интиқодӣ" : ин бахш ба ҷавонон имкон медиҳад, оид ба фикрронии рушдёбанда ва намудҳои он, ҳисси дарккунӣ маълумот гирифта, усули мулоҳизарониро таҷриба намоянд.     

"Нақши гурӯҳи тамосии ҷавонон дар ҷомеа": муваффақият, мушкилоти фаъолияти гурӯҳ  ва роҳҳои бартараф намудани он баррасӣ гашта, дар қисмати кор дар гурӯҳҳо нақшаи бизнес-чорабиниҳо тарҳрезӣ мегарданд. Дар ин замина, тавсияҳои иштирокчиён оид ба баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъоварӣ гардида, роҳҳои тақвият бахшидани робитаҳои дӯстии ҷомеаҳои наздисарҳадӣ баъди итмоми лоиҳа муайян карда мешаванд.

Бахшҳои лагери маърифатӣ ба он равона шудаанд, то гурӯҳҳои тамосии ҷавонон фаъолияти худро пас аз анҷоми лоиха низ идома дода,  ба як ҷузъи ҷудонопазири ҷамоатҳои наздисарҳадӣ табдил ёбанд.

Ташкилоти ҷамъиятии АЗИТ чорабинии мазкурро, дар доираи самти фаъолияти хеш оид ба баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-омӯзишӣ барои ҷавонон бо мақсади равона намудани қувваи онҳо ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ роҳандозӣ мекунад.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият