Сафари шиносоӣ ба Маҷористони болоӣ

Аз 4 то 10 майи 2014 сол гурӯҳи ташкилотҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии Hilfswerk Austria International дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ тавассути пешбарии ташкилотҳои тиҷоратии миёнрав (ТТМ) ва корхонаҳои хурду миёна (КХМ) дар соҳаи саноати хӯрокворӣ» (EcoDev), ки дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо  «Осиёи Марказӣ – Иневест III» маблағгузорӣ шудааст, барои истеҳсолгарони маҳаллӣ ва КХМ, намояндагони Вазоратҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон, маъмурияти Минтақаҳои озоди иқтисодӣ сафари шиносоӣ ба Маҷористони болоӣ ташкил карда шуд. Бо мақсади таъсис додани кластери хӯрокворӣ ва таъмини муносибати устуворонаи кластерӣ дар кишварҳои худ иштирокчиёни сафар бо кори бомуваффақияти кластери хӯрокворӣ дар Аврупо шинос шуданд ва омӯхтанд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби барномаи Иттиҳоди Аврупо «Осиёи Марказӣ – Инвест III» маблағгузорӣ шудааст. 


Имрӯз гурӯҳ ба ширкати Fair Trade ташриф оварданд. Ин ширкат бо сертификаткунонии маҳсулоти Осиёи Марказӣ машғул аст. Томаш Ангела – менеҷери ширкат ба иштирокчиён оиди фаъолияти ширкат ва маҳсулоти сетификатсияшаванда, принсипҳои асосии сертификатсия нақл кард. Инчунин иштирокчиёни сафар ба ширкати Raiffeisen Ware Austria (RWA) ташриф оварданд. Ин ширкат 61 кооперативи Маҷористонро бо ҳам муттаҳид мекунад. Намояндагони ширкат оиди сохтори ширкат, сохтори бонкии он, фалсафа ва принсипҳои асосии кор, ки дар асоси он ширкати RWA ташкил ёфтааст, нақл карданд.

Принсипҳое, ки аз рӯи он ширкат фаъолият мебарад барои дастгирии кооперативҳо тавассути ҳамфикрию ихтиёрӣ, табатъият ва минтақавӣ равона карда шудааст. Аз ҳама қисми шавқовар ин муаррифии 300 ширкатҳои муҳими Маҷористон буд, ки дар он омор оиди ин ширкатҳо пешниҳод гардид.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият