Сафари шиносоӣ ба Малатияи Туркия

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ тавассути пешбарии ташкилотҳои тиҷоратии миёнрав (ТТМ) ва корхонаҳои хурду миёна (КХМ) дар соҳаи саноати хӯрокворӣ» (EcoDev) аз 09 то 15 июни 2014 сол сафари шиносоӣ бо усулҳои инноватсионии боғдории тиҷоратӣ ва коркарди хушкмева дар Малатияи Туркия баргузор гардид.

Мақсади сафар:

- баланд бардоштани маълумотнокии иштирокчиён оиди усулҳои инноватсионии боғдории тиҷоратӣ;

- шинос намудани иштирокчиён сафар бо таҷрибаи коркарди хушкмева дар Туркия;


- шинос намудани иштирокчиён бо технологияҳои коркарди сабзавоту меваҷот;

- шинос намудани иштирокчиён бо усулҳои муосири идоракунӣ ва бурдани фаъолияти самаранок дар корхонаҳои коркарди хушкмева;

- истифода бурдан ва паҳн намудани дониш ва малакаҳои дар сафари омӯзишӣ гирифта.

Иштирокчиёни сафари шиносоӣ намояндагони корхонаҳои коркардкунанда аз Тоҷикистон ва Қирғиҳистон буданд. Дар доираи лоиҳа ташкили сафар барои 10 нафар, аз он ҷумла ташкилотҳои ҳамкор ба нақша гирифта шуда буд. Вобаста ба муҳимияти мавзӯи сафари шиносоӣ, қисми соҳибкорон аз ҳисоби маблағи худ сафар карданд, дар натиҷа 17 нафар ба сафар рафтанд.


Ҳангоми ба вилояти малатия омадан барои иштирокчиёни сафар чунин вохӯриҳо ташкил ва гузаронида шуданд:

- «Alptekin» ташкилот оиди коркард ва истеҳсоли таҷҳизоти технологӣ барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;

- ду хоҷагиҳои фермерӣ, ки бо парвариши зардолу ва дигар мева машғуланд;

- ду корхона оиди коркард ва бастубанди қоқ;

- Палатаи савдо ва саноати Малатияи Туркия;

- корхона оиди истеҳсоли насосҳои гуногун;

- донишкадаи боғдории Малатия, ки яке аз меваи асосӣ зардолу мебошад;

- бозори фурӯши яклухти хушкмева;

- нуқтаҳои фурӯши асбоб ва техникаи боғдорӣ. 

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби барномаи Иттиҳоди Аврупо «Осиёи Марказӣ – Инвест III» маблағгузорӣ шудааст. 

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият