Рӯзи байналхалқии мубориза зидди зӯроварӣ

Санаи 8 декабри соли 2014 дар мактаби №23 ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара бахшида ба «Рӯзи байналхалқии мубориза зидди зӯроварӣ» чорабинӣ гузаронида шуд. Мақсади чорабинии мазкур ин ҷалб намудани диққати аҳли ҷомеа ба масъалаи зӯроварӣ бо мақсади пешгирӣ ва кам намудани зӯроварӣ дар ҷ.Ворух буд. Иштирокчиён дар мавзӯи зӯроварӣ барномаҳои бадеӣ тайёр карданд. Якчанд рӯз қабл аз ин дар мавзӯи «Ҳаёт бе зӯроварӣ хуш аст!» озмуни иншои беҳтарин ва расмкашӣ гузаронида шуд. Мувофиқи ҷамъбасти ин озмун ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд. Чорабинӣ аз тарафи кормандони ТВ Исфара ба навор гирифта шуда, дар барномаи иттилоотии хабар пахш карда шуд. 

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият