Мулоқоти ҳамоҳангсозии шарикон

8 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти шарикии навбатии намояндагони БРСММ Тоҷикистон, БРСММ Қирғизистон, ташкилоти ҷамъиятӣ аз Қирғизистон “Youth of Osh” ва кормандони ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ – техникии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамоҳангсозии бизнес лоиҳаҳои дарпешистода, ки дар назар аст дар деҳаҳои наздисарҳадӣ аз ҷониби ҷавонони ду кишварҳо дар доираи лоиҳаи “Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ҷомеаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Кирғизистон” амалӣ карда шаванд, баррасӣ гардиданд. Инчунин масъалаҳои зерин муҳокима карда шуданд: талабот ба интихоби лоиҳаҳои мазкур барои пешниҳод намудан ба дастгирии грантӣ ва техникии БРСММ, мавзӯъҳои тренинҳои маърифатии тарҳрезикардашуда барои Гурӯҳи Тамосии Ҷавонон, ки дар доираи лоиҳа интихоб карда шудаанд ва ҳамоҳангсози оиди дигар чорабиниҳои амалии умумӣ барои 3 – 4 моҳҳои оянда.

Чунин вохӯриҳо барои мувофиқа намудан мусоидат мекунанд ва ҳангоми зарурат нақшаҳои баъзе фаъолиятҳои муштараки банақшагирифтаро дар доираи лоиҳаи байнисарҳадӣ ислоҳ мекунанд.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият