Озмун оиди донистани қоидаҳои ҳаракати роҳ байни талабагони мактабҳо

Санаи 16 октябри соли 2014 дар мактаби №56-и ҷ. Сурхи ноҳияи Исфара озмун оиди донистани қоидаҳои ҳаракати роҳ байни талабагони мактабҳои 26, 29 ва 56-и ҷ. Сурх баргузор гардид. Мақсади асосии гузаронидани чорабинии мазкур ин ҷалб намудани ҷамъият барои ҳалли масъалаҳои бехатарии ҳаракати мактаббаччаҳо дар кӯчаҳо, инчунин омӯзонидан ва хабардор кардани талабаҳо бо қоидаҳои ҳаракати роҳ. Озмун хеле шавқовар ва хотирмон гузашт. Иштирокчиён барномаҳои шавқовар тайёр намуданд ва дар бораи қоидаи ҳаракати роҳ шеърҳо қироат карданд. Доир ба Қоидаҳои Ҳаракати Роҳ саволу ҷавоб баргузор гардид ва дар мавзӯи бехатарии ҳаракати роҳ озмуни газетаҳои деворӣ ташкил карда гузашт. Озмун аз тарафи кормандони Шӯъбаи БДА ШВКД-2 ш.Исфара баҳогузорӣ карда шуд. Мувофиқи ҷамъбасти ин чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд. Чорабинӣ аз тарафи кормандони ТВ Исфара ба навор гирифта шуда, дар барномаи хабар нишон дода шуд.

Ҳабарҳо

1
сен

Проект: «Расширение возможностей и социализация родителей детей с синдромом Дауна в Таджикистане»

Проект: «Расширение возможностей и социализация родителей детей с синдромом Дауна в Таджикистане» Донор: Посольство США в Таджикистане Партнёр: инициатива «Назари дигар» Период реализации: Сентябрь 2019 по Февраль 2020 Географический охват: Худжанд, Бободжон Гафуровский район, Джаббор Расуловский район Цель проекта: Способствовать социализации и психологической интеграции родителей и детей с синдромом Дауна (СД).

1
май

Проект: «Женский ресурсный центр»

Проект: «Женский ресурсный центр» Донор: Офис ОБСЕ в городе Душанбе Период реализации: Май 2019 по настоящее время Цели проекта: • содействовать гендерному равенству в Республике Таджикистан • содействовать расширению экономических прав и возможностей женщин и девочек • отстаивать права женщин и обеспечивать доступность государственных услуг, а также расширять доступ и воздействие общинного образования и консультирования в области жилья, семейного права, занятости, имущественных и регистрационных прав касающихся женщин и их семей.

Минтақаҳои фаъолият