27 янв 2015

Клуби Сайёра

Клуби Сайёра

Клуби Сайёра бо мақсади тараққӣ додани истеҳсолоти дӯзандагӣ соли 2013 кушода шуда буд. Пеш аз кушода шудани ин клуб, аъзоён бофта метавонистанд, камее бошад ҳам, дӯхта метавонистанд, вале онҳо фикр намекарданд, ки аз ин кор фоида ба даст меоваранд.

- «Мо соҳибхоназан будем, вале баъди ташкили клуб, фаҳмидем, ки пул кор карда метавонем. Агар зиндагӣ туро водор кунад, ту маҷбур ҳастӣ чизеро омӯзӣ» мегӯяд яке аз занон - аъзои Клуб, Маҳбуба Мамадқулова.

Ташкили Клуб ин аввал шиносоии занҳо бо Мартина Квиатковская, Малика Боймурадова, Рано Бобоҷонова буд. Ин шиносоӣ онҳоро ба ташаккулёбӣ ҳавасманд мекард. Соли гузашта занҳо гов бо номи «Маша» хариданд. Маша аввал, пеш аз таваллуд шудани гӯсола дар хонаи Маҳбуба зиндагӣ мекард. Баъдан, онро ба дигар аъзои Клуб доданд. Маша «Даша»-ро таваллуд кард. (моҳи феврал Даша 1 сола мешавад). Маҳбуба ба Даша меҳр баст ва хеле хуб нигоҳубин мекард. «Вақте, ки ҳаво сард шуд, Даша дар даруни хона, дар назди печка зиндагӣ мекард. Даша озода буд. Ман барояш тащора медоштам. Мо Дашаро мешустем, хорҳое, ки дар ощил ба он часпида буданд, тоза мекардем». Вақте, ки гов гӯсола таваллуд мекунаду, шир медиҳад, соҳиби гов ба Клуб эквиваленти 1 литр шир – аз 1 то 2 сомонӣ месупорид.

Сарвари Клуб, Раҷамо Ҷӯрахонова мегӯяд, ки барои онҳо аз ҳама зарур ин мубодилаи таҷрибаи корӣ бо занони Тоҷикистони шимолӣ буд. «Аз ташрифи соли гузашта ба Сущд, чунин дар ҳаяҷон ҳастем, ки фикрамонро ҳатто баён карда наметавонем. Бо шахсони нав шинос шудем, дӯхтани дастурхонро омӯзонидем. Мо ба Клубҳои Навбаҳор ва Файз ташриф овардем».

Имсол дар чаҳорчӯбаи мубодилаи таҷрибаи корӣ ба Клуби онҳо аз Клуби вилояти Сущд ташриф оварданд: Санавбар, Зулфия, Зулхумор ва Қандинисо. Дар вохӯрӣ бо онҳо ҳама аъзоёни Клуб иштирок карданд. Мушовирон чӣ тавр хушк кардани зардолуро фаҳмониданд. Пештар занҳои Клуби Сайёра ин корро наметавонистанд, бо вуҷуди он, ки зардолуи бисёр доштанд.

Инчунин занҳо пухтани тортҳо, кулчақанд (роҷок) ва дигар намуди шириниҳоро омӯхтанд. Муаммои асосӣ барои занҳо ин набудани қувваи барқ буд. Асосан аз аввали тирамоҳ қариб то охири баҳор қувваи барқ дар як рӯз 2 соат буд ва чунон паст, ки дар он пухтупаз кардан хеле душвор буд. Мушовирон ҳуҷҷати Клуб ва дафтари қайди фоида ва сарфро тафтиш карданд.

Ғайр аз ин, имсол занҳо дар чаҳорчӯбаи лоиҳа барои дигар сокинони деҳа низ машварат гузарониданд. Дар машварат ҳуқуқшинос, мушовир – корчаллон ва духтури занона иштирок доштанд. Дар машварат тақрибан 20 нафар иштирок карданд. (аз он ҷумла занҳои Клуб).

Занҳо нафарони бисёрро даъват карда буданд, аммо аз сабаби фасли корӣ дар замин дар машварат иштирок карда натавонистанд. Ба ин нигоҳ накарда, шахсоне, ки иштирок карда буданд, аз машварат қаноатманд буданд. Сарвари маҳалла аз ташкили чунин чорабинӣ қаноатманд буд ва гуфт, ки ӯ фикр ҳам намекард, ки занҳои маҳалла чунин фаъол мешаванд.

«Ман фикр мекардам, ки занҳо фақат дар хона менишинанд, онҳо бошанд чунин вохӯриҳоро ташкил мекунанд. Ман низ бо машваратчиҳо маслиҳат кардам». Ҳамсояҳо аз ин вохӯрӣ миннатдор буданд. Клуб ба назар гирифт, ки чунин машваратҳо ба онҳо низ лозиманд.

Инчунин занҳо ба кӯмаки шавҳарашон низ умед баста метавонанд. Аввал занҳо ба шавҳарашон фарзандашонро монда меомаданд, то ин ки шавҳаронашон ба онҳо нигоҳубин кунанд.  Сарвари Клуб Раҷамо Ҷӯрахонова мегӯяд: «Ман ба шавҳарам гуфтам: «бо ҳамроҳии ту ягон маротиба ба вилояти Сущд рафта набудам, аммо ба шарофати Клуб, ба он ҷо низ рафтам».

Занҳо фаъолияти дӯзандагии Клубро пеш мебурданд. Ду нафар аз намояндагон дар курси 10 рӯзаи дӯзандагӣ иштирок мекарданд. Баъдан занҳо бо роҳи ташкили курси 5 рӯза чизҳои омӯтаашонро ба дигар занҳои Клуб омӯзониданд. Занҳо асосан аз рӯи фармоиш кор мекунанд; щайр аз либосҳои миллӣ боз аз рӯи хоҳиши формоишгарон дигар чизҳо низ, медӯзанд.

Наталья Кертычак

Лоихаи  мазкур дар чахорчубаи  барномаи  Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд  маблаггузори  шудааст

Ҳабарҳои дигар

2 авг 2017

Ҳамкорӣ асоси муоширати самаранок аст

Дар нимаи дуввуми рӯз иштирокчиён ғайрат мекарданд, ба василаи машқҳои математикӣ маҳорати шунидани мусоҳибро пайдо намоянд ва ҳамин тавр, фазои ҳамдигарфаҳмиро ба вуҷуд оранд. Ҳар лаҳза зикр мешуд, ки дастрасӣ ба иттилооти дуруст низ барои ба роҳ мондани робита нақши муҳим мебозад. Иштирокчиён дар машғулият шоҳид шуданд, ки чӣ гуна маълумот аз нафари панҷум ба шашум дар шакли ғалат пешниҳод гардид.

29 апр 2021

Экзамен по кулинарии для женщин и девушек

Сегодня в рамках проекта “Поддержка и укрепление женских ресурных центров” был проведён экзамен по кулинарии для женщин и девушек из уязвимых семей джамоата Хайдар Усмон Гафуровского района.

Минтақаҳои фаъолият